МАРДИ ТОҶИК АЗ РАШК ҲАМСАРИ РУС ВА ПИСАРИ ЯКУНИМСОЛААШРО КУШТ (2 ВИДЕО)

Як марди 26-солаи зодаи Тоҷикистонро дар шаҳри Иркутски Русия бо иттиҳоми куштори бераҳмонаи ҳамсари 21-сола ва писари якунимсолааш дастгир карданд. Ин мард ҳангоми боздошташ эътироф кард, ки ҳамсарашро ба хиёнат гумонбар дониста, аз рашк куштааст. Ба ӯ бар асоси қонунҳои Русия ҳукми зиндони умрбод таҳдид мекунад.

 

Мақомоти пулис ва кумитаи тафтишоти вилояти Иркутски Русия аз боздошти як марди 26-солаиТоҷикистон бо иттиҳоми куштор хабар доданд.

Шоми 13 март як зани сокини шаҳри Иркутск ба пулис хабар дод, ки дар манзилаш дар бинои №236Б/4 дар кӯчаи Байкалская ҷасадҳои як зану як кӯдакро бо захмҳои зиёди корд пайдо кардааст. Тафтишот хеле зуд маълум кард, ки кушташудаҳо як зани 21-солаи зодаи Иркутск ва писари якунимсолаи ӯянд. Ҳамин тавр,хеле зуд ангушти иттиҳоми мақомот ба сӯи ҳамсари ин зан – марди 26-солаи зодаи Тоҷикистон баланд шуд.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Иркутск мегӯяд, барои кофтукоби гумонбар дар ин куштори бераҳмона беш аз 300 корманди пулис ҷалб шуда, дар ҷараёни ҷустуҷӯи гумонбар даҳҳо манзилу бӯстонсаро (дача) мавриди тафтиш қарор гирифтанд ва беш аз 100 шоҳиди эҳтимолӣ пурсида шуданд.

Дар ниҳоят гумонбарро аз як манзил дар як ҷамъияти боғдорӣ дар шоҳроҳи Мелничнийи вилояти Иркутск пайдо карданд. Ӯро билофосила ба ҳабс гирифтанд.

Ҳангоми боздошт ин мард эътироф кард, ки ҳамсарашро аз рашк куштааст. Дар видеое, ки пулиси Иркутск нашр кард, ин мард мегӯяд, ки шоми 13 март як манзилро дар кӯчаи Байкалская барои як рӯз иҷора гирифтанд, то якунимсолагии писарашонро ҷашн бигиранд. Иттифоқан он шаб як мард ба ҳамсари ӯ зан мезанад ва ин сабаби рашки марди тоҷик ба ҳамсараш шудааст. Дар натиҷа байни онҳо муноқиша бархост ва марди тоҷик аз ғояти рашк кордро гирифта, ибтидо писари хурдсолаш ва сипас ҳамсарашро кушт.

—Поподозрению вчём задержаны?

—Жену убил.

—Как совершили данное преступление?

—Вквартиру пришёл, отмечали день рождения ребёнка. Наследующий день звонит какой-то под наркотиками, иэтот… изменила.

—Тоесть причина ревность?

— Да.

 

Юлия Критская, намояндаи расмии Кумитаи тафтишоти вилояти Иркутск низ мегӯяд, ки тафтишот куштор аз ғояти рашкро як фарзияи асосии ин ҷиноят мешуморад. Ба гуфтаи Критская, марди тоҷик баъди ин ҷиноят қасди фирор ба Тоҷикистонро дошт, вале ӯро дастгир карданд.

Шуъбаи тафтишоти ноҳияи Октябри шаҳри Иркутск ба зидди ин зодаи Тоҷикистон бар асоси бандҳои "а” ва "в”-и қисми дуюми моддаи 105-уми Кодекси ҷиноятии Русия (куштори ду нафар, куштори кӯдаки хурдсол) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Ба ин марди зодаи Тоҷикистон бар асоси ин банди қонун ҳукми зиндони умрбод таҳдид мекунад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон