УЛТИМАТУМИ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН: АГАР ТО 22 МАРТ...

Вазорати нақлиёти Русия дар як баёния мақомоти авиатсионии Тоҷикистонро айбдор кард, ки бар хилофи тавофуқот ва бидуни огоҳии пешакӣ ба ширкати русии "Уралские авиалинии” барои анҷоми парвозҳо дар масири Перм – Душанбе иҷозат надодааст. Маскав ҳушдор дод, ки агар Душанбе ба тамоми парвозҳои "Уралские авиалинии” иҷозат надиҳад, ҳамчун чораи ҷавобӣ ба зидди ширкатҳои Тоҷикистон таҳримот ҷорӣ мекунад. Ин моҷаро дар ҳолест ки мавсими нави сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия авҷ гирифта истодааст.

 

Вазорати нақлиёти Русия рӯзи 13 март дар сомонаи расмиаш як баёнияи расмиеро бо номи "Министерство транспорта РФ выражает обеспокоенность в связи с неподтверждением полетов российского назначенного перевозчика авиакомпании «Уральские авиалинии» в Таджикистан" ("Вазорати нақлиёти Русия аз тасдиқ нашудани парвозҳои ширкати ҳавопаймоии аз ҷониби Русия ҳамчун мусофиркаш таъйиншудаи "Уралские авиалинии” ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунад”) нашр кард.

Дар баёния аз ҷумла гуфта мешавад: "Бар хилофи тавофуқоти байналмилалӣ ва бидуни огаҳии пешакӣ, ҷониби Тоҷикистон барои анҷоми парвозҳои мусофиркаши зикршуда дар масири Перм – Душанбе иҷозат надод. Аз 12 марти соли 2018 ин боиси тавқифи парвозҳои ширкати ҳавопаймоӣ гардида, сабаби поймол шудани ҳуқуқи мусофирон шуд. Дархости ширкат барои анҷоми парвозҳо дар масирҳои Краснодар-Хуҷанд Челябинск – Душанбе” ва Жуковский – Кӯлоб, ки бо назардошти тавофуқоти дутарафа ироа шуда буданд ва мутобиқ ба АИП (Маҷмӯаи иттилооти авиатсионӣ)-и Тоҷикистон мебошанд, низ дар ҳоли ҳозир бо сабабҳои номаълум тасдиқношуда боқӣ мемонанд.”

Мақомоти авиатсионии Тоҷикистон то кунун дар ин масъала изҳори назар накардаанд, вале Душанбе дархости ширкати русии "Уралские авиалиниии” барои анҷоми парвозҳо байни Русияву Тоҷикистонро то ҳол бепосух гузоштааст, ки бо расидани баҳор мавсими нави барои муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтани сокинони Тоҷикистон дар ҳоли авҷ гирифтан аст. Ҳар сол бо анҷоми фасли сармо то як миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба хотири таъмини зиндагии хонаводаҳои худ озими Русия мешаванд ва дар ин мавсим рақобат байни ширкатҳои русиву тоҷикӣ барои ба тарафи худ гардондани шумори ҳарчӣ бештари мусофирони роҳии Русия низ шиддат мегирад.

Вазорати нақлиёти Русия дар изҳорота вазорати нақлиёти Тоҷикистонро ба иҷрои ӯҳдадгориҳои дар чорчӯби тавофуқоти байналмилалӣ ба дӯш гирифтааш даъват карда, ҳамчунин хостори музокироти сареъ бар сари ихтилофоти бархоста байни Маскаву Душанбе шудааст: "Агар мақомоти авиатсионии Тоҷикистон дар мавриди ҳалли ин вазъият суолҳои иловагие дошта бошанд, мақомоти авиатсионии Русия барои оғози музокирот дар таърихи 22 ё 23 март дар Маскав изҳори омодагӣ мекунанд ва хоҳиш доранд, ки то ин музокироиҷозатномаҳои лозимбарои анҷоми парвозҳо ба ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии” дода шавад.”

Вазорати нақлиёти Маскав гуфтааст, ки ҷониби Русия пайгирона дунболи иҷрои тавофуқоти бадастомада мебошад ва умедвор аст, ки Душанбе низ барои рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи ҳавопаймоӣ бо Русия омода ҳаст. Вале, меафзояд вазорати нақлиёти Русия, "дар сурати тасдиқ накардани барномаи парвозҳои ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии” дар тамоми хатҳои дар боло зикршуда тибқи дархостҳои ироашуда, ҷониби Русия барои худ ҳақ медиҳад, ки аз чораҳои ҷавобӣ нисбат ба мусофиркаши аз ҷониби Тоҷикистон таъйиншуда кор бигирад.”

 

 

Министерство транспорта РФ выражает обеспокоенность в связи с неподтверждением полетов российского назначенного перевозчика авиакомпании «Уральские авиалинии» в Таджикистан

 

 

В нарушение международных договоренностей и без предварительного уведомления таджикской стороной не было выдано разрешение на выполнение полетов указанного перевозчика по маршруту Пермь – Душанбе. Начиная с 12 марта 2018 г. это привело к остановке полетов авиакомпании, что нарушило права пассажиров. Заявки перевозчика на выполнение полетов по маршрутам Краснодар – Худжанд, Челябинск – Душанбе и Жуковский – Куляб, которые поданы с учетом двусторонних договоренностей, а также в соответствии с положениями АИП Таджикистана, на настоящий момент также остаются не подтверждены по неизвестным причинам.

В этой связи, Министерство транспорта РФ призывает Министерство транспорта Республики Таджикистан к соблюдению обязательств, взятых на себя в рамках действующих международных договоренностей.

В случае, если у Авиационных властей Таджикистана имеются дополнительные вопросы по урегулированию данной ситуации, Авиационные власти России выражают готовность начать переговорный процесс 22 или 23 марта 2018 г. в Москве и просят до переговоров выдать необходимые разрешения на выполнение полетов авиакомпании «Уральские авиалинии».

Российская сторона последовательно выступает за соблюдение достигнутых договоренностей и надеется, что на готовность таджикской стороны укреплять и развивать сотрудничество между нашими странами в области воздушного транспорта.

В случае неподтверждения программы полетов авиакомпании «Уральские авиалинии» по всем вышеуказанным маршрутам согласно поданным заявкам, российская сторона оставляет за собой право прибегнуть к зеркальным мерам в отношении таджикского перевозчика.

 

Ин бори аввал нест, ки байни Русияву Тоҷикистон бар сари шеваи анҷоми парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ин ду кишвар чунин танишҳои шадид рух медиҳанд.

Аз ҷумла моҳи декабри соли 2016 Тоҷикистон ба ширкати русии "Ямал” иҷозат надод, ки аз фурудгоҳи Жуковский ба Душанбе ва Хуҷанд парвоз анҷом диҳад. Ин моҷаро, ки то моҳи майи соли 2017, яъне қариб ним сол давом кард, боиси ду дафъа ба зидди Тоҷикистон ҷорӣ кардани таҳрими парвозҳо аз тарафи Маскав шуд.

Русия дар посух рӯзи 22 декабри соли 2016 ширкати "Сомон Эйр”-и Тоҷикистонро аз ҳаққи парвоз ба шаҳрҳои Русия, ба истиснои Маскаву Санкт-Петербург маҳрум кард. Душанбе дар посух ба зидди ширкатҳои русии "Уралские авиалинии” ва ЮТЭйр таҳримот ҷорӣ карж.

Рӯзи 27 январи соли 2017 дар ҷараёни иҷлосияи комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тавофуқ шуд, ки Тоҷикистон ба ширкати "Ямал” дар мавсими тобистона иҷозати парвоз ба Душанбеву Хуҷандро медиҳад. Дар иваз Русия ба "Сомон Эйр” иҷозат дод, ки парвозҳои манъшудааш ба музофотҳои Русияро аз моҳи феврал барқарор кунад.

Ҷониби Тоҷикистон исрор меварзид, ки дар ин баҳс аз манфиати ширкатҳои ватанӣ ҳимоят мекунад ва мехоҳад асли паритет дар анҷоми парвозҳо байни пойтахтҳои Русияву Тоҷикистон риоя шавад. Аммо ширкатҳои русӣ мегуфтанд, як мояи аслии ихтилоф нархи парвозҳост, чунки ширкатҳои русӣ билетҳои худро бо нархи нисбат ба ширкатҳои Тоҷикистон хеле арзонтар мефурӯшанд. Нархи парвоз аз Тоҷикистон ба Русия дар муқоиса, барои мисол, бо Қирғизистон дастикам ду маротиба гаронтар аст.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон