МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР КАЛУГА ҶИЯНИ ХУДАШРО КУШТ

Боровск бо калисоҳои қадимааш машҳур аст

Як муҳоҷири тоҷики 56-сола дар вилояти Калугаи Русия бо иттиҳоми қатли ҷияни 22-солааш ба ҳабс гирифта шуд. Ин марди солманд дар ҷараёни муноқиша додарзадаашро се зарбаи корд задааст. Дар як соли охир ин панҷумин мавриди расонаишудаи ба сари хешу табори наздики худ дар Русия корд кашидани муҳоҷирони тоҷик аст.

 

Як шаҳрванди 56-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Боровски вилояти Калуга, воқеъ дар 100-километрии ҷанубуғарби Маскав 85-километрии шимоли шаҳри Калуга ба қатли додарзодаи 22-солааш айбдор мешавад.

Дар раёсати тафтишоти вилояти Калуга рӯзи 17 феврал дар суҳбат бо сомонаи "Ахбор” тасдиқ карданд, ки ин шаҳрванди тоҷик ҳоло ба ҳабс гирифта шудааст ва ба зидди ӯ бар асоси қисми аввали моддаи 105-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Намояндаи раёсати тафтишоти Калуга дар мавриди ҷузъиёти ин парванда гуфт: "Рӯзи 14 феврал як марди ҷавонро бо захмҳои корд ба бемористон оварданд, вале табибон ӯро аз марг наҷот дода натавонистанд. Дар ҷараёни тафтиш маълум шуд, ки як шаҳрванди 56-солаи Тоҷикистон рӯзи 14 ффеврал дар ҳудуди як корхонаи тавлидотӣ дар шаҳри Боровск бо ҷияни 22-солааш муноқиша карда, ӯро дастикам се маротиба корд задааст. Аз ҷумла ба гарданаш. Ҳам қотил ва ҳам ҷабрдида расман дар ин корхона кор мекарданд.”

Додгоҳ бо пешниҳоди тафтишот шаҳрванди 56-солаи Тоҷикистонро барои ду моҳ ба ҳабс гирифтааст. Ҷанозаи ҷияни ӯ, ки бо дасти амаки худаш кушта шуд, баъди анҷоми ташхисоти лозим барои гӯручӯб ба Тоҷикистон фиристода хоҳад шуд.

Маълум нест, ки сабаби муноқишаи байни амаку ҷиян чӣ буд, ки ин марди солдида ба сари ҷияни ҷавонаш корд кашидааст. Вале ин нахустин мавриди муноқишаҳои хунини хонаводагӣ байни муҳоҷирони тоҷик дар Русия нест.

Моҳи июли соли 2017 пулиси Петербург дар шаҳраки Стансионнийи ноҳияи Красноселский як шаҳрванди 41-солаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми қатли бародари 34-солааш дастгир кард. Тафтишот гуфт, байни бародаршон дер боз низоъ вуҷуд дошта, шоми 15 июл ҳангоми муноқишаи навбатӣ бародари калонӣ додарашро бо мушту лагат шадидан латукӯб карда, сипас аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.Ташхиси тиббиву судӣ муқаррар кардааст, ки ин муҳоҷири тоҷики соли таваллудаш 1983 дар натиҷаи зарбаи сахт аз ноҳияи сари синааш ба ҳалокат расидааст.

Ба зидди бародари калонӣ ҳоло бар асоси қисми чоруми моддаи 111-уми Кодекси ҷиноятии Русия (қасдан расондани осеби вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги инсон шудааст) парвандаи ҷиноятӣ кушоданд.

Ҳамчунин шаби 24 июн, дар арафаи иди Фитр як шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Сисерт (Сысерть)-и вилояти Свердловск бо иттиҳоми захмӣ кардани бародари 32-солааш бо захми корд дастгир шуда буд. Олга Самудинова, сухангӯи пулиси Сисерт гуфт: "Онҳо ҳангоми зиёфат дар манзили иҷораашон дар кӯчаи Карл Либкнехт бо ҳам муноқика кардаанд. Ҳарду барои мардикорӣ ба Русия омада будаанд. Баъди захмӣ кардани додараш, гумонбар аз ҷои ҳодиса фирор кард, вале баъди чанд соат маъмурони бахши ҷустуҷӯи ҷиноӣ дастгираш карданд.”

Ҳамин тавр, рӯзи 25 феврали соли 2017 як шаҳрванди 46-солаи Тоҷикистон дар ноҳияи Любертсии вилояти Маскав бо иттиҳоми қатли додари 43-солааш дастгир шуд. Пулис гуфт, ин муҳоҷири тоҷик дар манзили иҷораашон дар кӯчаи Ленини шаҳраки Октябрский ҳангоми муноқиша ба сари синаи додараш корд задааст. Ҳарду бародар дар шаҳри Маскав сабти ном дошта, ягон ҷо кор намекардаанд. Табибони "Ёрии таъҷилӣ” муҳоҷири тоҷики захмиро бо ҷароҳати корд аз сари синааш ба бемористон овардаанд, вале ӯ дар роҳ ҷон додааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, ки ин қишр дар Русия дар як шароити аз нигоҳи чӣ ҳуқуқӣ ва ччӣ равонӣ хеле осебпазир кору зиндагӣ мекунад ва ҳатто як муноқишаи оддӣ байни онҳо метавонад ба моҷарои бузург бо паёмадҳои ҷиддӣ, чун дар ин мисоли ахир мунҷар шавад.

Нокомӣ дар пайдо кардани ҷои кори муносиб дар Русия муҳоҷиронро дар ҳолати асабоният ва осебпазирии боз ҳам бештар қарор медиҳад. Пулис мегӯяд, ин муҳоҷири тоҷике, ки даст ба ҷони бародараш зад, ва ҳам бародари кушташудаи ӯ дар ягонҷо кор намекарданд.

Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 тан аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои мухталиф вафот мекунанд. Иллати вафоти то 150 нафари онҳо марги маҷбурӣ, яъне куштор гуфта мешавад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон