ҶАСАДИ МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО ДАР РӮИ РОҲ ПАЙДО КАРДААНД

Акс аз шабакаи телевизионии «Диалог»-и шаҳри Красноармейск

Бино ба гузориши шабакаи телевизионии «Диалог»-и шаҳри Красноармейски вилояти Маскав, соати тақрибани дуи рӯзи 8 январ дар ҳудуди ҷамъияти боғдории «Русаль-2” ҷасади як шаҳрванди 44-солаи Тоҷикистонро дар рӯи роҳ пайдо кардаанд. Пулис мегӯяд, ки ҷасад бидуни либоси рӯ буд ва дар пойҳояш пойафзол ҳам надошт.

Мақомоти пулиси Пушкино мегӯянд, дар бадани шаҳрванди тоҷик аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо накардаанд. Танҳо маълум шудааст, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон ва соли таваллудаш 1973 будааст.

Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав сабабҳои марги ин муҳоҷири тоҷикро тафтиш мекунад.

Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф вафот мекунанд. Яъне ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар ин мулки мусофирӣ то се муҳоҷири тоҷик ба зиндагӣ падруд мегӯянд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон