ҶУЗЪИЁТИ ЗАНОЗАНИИ ЗОДАГОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР МАСКАВ

Шоҳидон мегӯянд, шаби 13 декабр дар як қаҳвахонаи мутааллиқ ба зодагони Самарқанд дар хиёбони Севастополскийи шаҳри Маскав як гурӯҳи қирғизҳо бачаҳои тоҷикро латукӯб карданд, вале пулис 12 тоҷику узбекро дастгир кард. Зодагони Қирғизистон то омадани пулис аз маҳалли занозанӣ фирор кардаанд.

 

Яке аз шоҳидони айнии занозании шаби гузашта дар як қаҳвахона дар хиёбони Севастополскийи шаҳри Маскав ба сомонаи "Ахбор” гуфт, ки хабари пулиси Русия дар бораи дар ин ҷо занозанӣ кардани муҳоҷирони тоҷику узбек воқеият надорад.

Ҳамсӯҳбати "Ахбор” мегӯяд: "Чанд рӯз пеш дар қаҳвахонаи "Восточный Халал”, ки аз бачаҳои самарқандӣ аст, тоҷикҳо чанд қирғизро латукӯб карданд. Соати яки шаби 13 декабр қирғизҳо дар чанд мошин ба инҷо омада, тоҷикҳоро латукӯб карданд. Занозанӣ ягон панҷ дақиқа давом кард ва қирғизҳо ҳанӯз то омадани пулис зуд ба мошинҳояшон нишаста фирор карданд. Пулис алакай баъди рафтани қирғизҳо омад ва 12 тоҷику узбекро, ки ҷабрдида буданд, боздошт кард.”

Қаҳвахонаи "Восточный Халал” дар қабати дуюми биное ҷойгир шудааст, ки қабати аввалаш нуқтаи шустушӯи мошинҳост. Дар ин ҷо асосан ғизоҳои миллӣ мепазанд ва аз ин рӯ, мизоҷонаш асосан муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистонанд.  Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати "Ахбор”, бо вуҷуди "Ҳалол” ном доштанаш, дар ин қаҳвахона шабона машрубот ҳам фурӯхта мешавад ва мизоҷон аз сари мастӣ гоҳо занозанӣ ҳам мекунанд.

Қаблан маркази матбуоти раёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав хабар дод, ки шаби 13 декабр дар як занозании гурӯҳӣ дар ҷанубуғарби пойтахти Русия дастикам ду нафар ҷароҳат бардошта, пулис 12 нафарро дастгир кард. Пулиси Маскав мегӯяд, ки ин занозанӣ дар як қаҳвахона дар хиёбонони Севастополский дар заминаи маишӣ рух додааст.

Намояндаи пулис гуфт: "Шаби 13 декабр, соати 01:43 ба пулис дар бораи занозанӣ дар хиёбони Севастополский хабар расид. Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, маълум карданд, ки ин муноқиша дар заминаи маишӣ сурат гирифтааст. Барои баррасии амиқтари қазия 12 нафарро ба шӯъбаи пулис оварданд.”

Ҳамаи 12 нафари боздоштшуда зодагони Тоҷикистону Узбекистон будаанд.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ин занозанӣ ду нафар бо ҷароҳатҳои сабуки сару рӯ ба бемористон бурда шуданд, вале ҳардуро баъди расондани ёрии тиббӣ ҷавоб додаанд.

Ин бори аввал нест, ки дар Русия байни муҳоҷирон занозаниҳои гурӯҳӣ сурат мегиранд.

Дар миёнаи моҳи ноябр дар назди як бинои истиқоматӣ дар тангкӯчаи Булатниковский байни зодагони Тоҷикистону Узбекистон занозанӣ рух дод. Дар он муноқиша 4 нафар ҷароҳат бардоштанд. Пулис баъди чанд соат се ҳамлагарро, ки аз 22 то 25 сол дошта, мехостанд бо мошин аз Русия фирор кунанд, дастгир кард.

Ҳамин тавр, шаби 28 октябр ду гурӯҳи ҷавонон дар як қаҳвахона дар назди истгоҳи метрои "Ботанический сад” дар ҳолати мастӣ аз гиребони якдигар гирифтанд. 5 зодаи Узбекистон дар инҷо зодрӯзи яке аз онҳоро ҷашн мегирифтанд ва дар мизи дигар 10 зодаи Тоҷикистон истироҳат доштаанд. Муноқишаи байни онҳо ба кордкашӣ печид ва як марди ҷавон аз байни тоҷикҳо бо корд ба қалби як ҷавони узбек задааст. Муҳоҷири узбек, ки ҳамагӣ 25 сол дошт, бар асари захми бардоштааш ба ҳалокат расид ва шаҳрванди низ 25-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми куштор дастгир шуд.

Аз ин пеш шоми 25 октябр дар бозори "Спутник” (собиқ "бозори хитоӣ”)-и шаҳри Нижний Тагили вилояти Свердловски Русия байни муҳоҷирони тоҷику узбек занозанӣ шуд. Нирӯҳои ОМОН дар пайи ин занозанӣ 17 нафарро дастгир карданд.

Ба гуфтаи шоҳидон, шоми 25 октябр дар тавқифгоҳи бозори "Спутник”, ки дар заминаи собиқ "бозори хитоӣ” сохта шудааст, зодагони Тоҷикистону Узбекистон аз гиребони якдигар гирифтаанд. Танҳо баъди омадани нирӯҳои ОМОН муяссар шудааст, ки ин занозаниро фурӯ нишонанд.

Аз ин қабл моҳи феврали соли 2016 дар байни ду ҳафта дар шаҳри Маскав се занозании гурӯҳӣ байни муҳоҷирони тоҷику узбек ва моҳи июни ҳамон сол ду чунин занозанӣ байни тоҷикҳову узбекҳо дар сохтмонҳои шаҳри Петербург рух дода буд.

Аз ҷумла шоми 19 октябр соати тақрибан 19 дар кӯчаи Кантемировская дар минтақаи Тсаритсино дар ҷануби шаҳри Маскав ҳудуди 20 коргари як ширкати роҳсозӣ аз Тоҷикистону Арманистон бо ҳамдигар занозанӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки дар ин занозанӣ як нафар ҷароҳат бардошта ва пулис 5 тан аз иштирокдорон – ду шаҳрванди Тоҷикистон, ду шаҳрванди Арманистон ва як зодаи Гурҷистонро дастгир кардааст.

 

Аз он пеш рӯзи 7 август дар фурӯшгоҳи "Садовод” дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав байни тоҷирони тоҷику арманӣ занозании гурӯҳие сурат гирифт, ки камокон як соат давом кард. Ин муноқиша баъди дахолати раҳбарони бонуфузи арманиҳову тоҷикҳо анҷом ёфт.

Дар ҳамон моҳи август гузориш шуда буд, ки дар як сохтмон дар шаҳри Маскав коргарони армании як ширкати роҳсозӣ баъди онки аз ин сохтмон ба болои онҳо халтаи сементро партофтанд, вориди бинои нимсохт шуда, коргарони тоҷикро латукӯб кардаанд.

Аммо аз ҳама занозании пурсарусадо байни муҳоҷирон занозании рӯзи 15 август байни муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар бозори "Кузбасский”-и шаҳри Нижний Новгород буд. Дар ин занозанӣ, бино ба хабарҳо, аз ҳарду тараф 150-200 нафар ширкат кардаанд.

Дар видеоҳои нашршуда дида мешавад, ки тарафҳои даргир ба зидди якдигар бо калтаку тахта ва бакляжкаву сангу ҳар чизе ки рост омад, ҳамла мекунанд.

Сабаби ҷанҷол ба гунаи мухталиф тафсир мешуд. Бархе манобеъ мегӯянд, ки паст кардани нарх ва задани савдои якдигар сабаби аз гиребони ҳам гирифтани тоҷирони тоҷику озарӣ шудааст. Ба гуфтаи як манбаи дигар, муноқиша ибтидо байни як тоҷири озарӣ ва як харидори узбек бархостааст ва ин узбек ба ҳимоят аз худаш тоҷикҳоро даъват кардааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон афзоиши мавридҳои занозанӣ байни муҳоҷирони кориро пеш аз ҳама ба мушкилоти иқтисодии Русия ва тангтар шудани шароити бозори кори ин кишвар рабт медиҳанд. Онҳо мегӯянд, таъсири бӯҳрон, аз ҷумла кам шудани теъдоди ҷойҳои кории маошашон беҳтар боиси афзоиши рақобат байни гурӯҳҳои мухталифи муҳоҷирон шудааст ва онҳо барои ҳифзи ҷои кори худ ва роҳ надодани гурӯҳҳои рақиб тайёранд ба сари якдигар ҳатто мушт бардоранд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон