ҲАЛОКАТИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК БАР АСАРИ АФТОДАНИ КРАН ДАР МАСКАВ (ВИДЕО)

Рӯзи 12 декабр бар асари болои вагони мардикорон афтодани крани баландиаш 20 метр дар як сохтмон дар ноҳияи Тропарево-Никулино дар ҷанубуғарби шаҳри Маскав ду муҳоҷири тоҷик ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Як муҳоҷири тоҷик дар роҳ ба бемористон ҷон додааст.

"Москва” – хабаргузории шаҳри Маскав хабар дод, ки рӯзи 12 декабр як крани баландиаш 20 метр дар як сохтмон дар кӯчаи ба номи академик Анохин дар минтақаи Тропарево-Никулино дар ҷанубуғарби пойтахти Русия болои ҷои хобу истироҳат (бытовка)-и коргарони ин сохтмон афтодааст. Бар асари ин фалокат ду коргар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Манбаи "Москва” мегӯяд, ки ҳарду ҷабрдида шаҳрвандони Тоҷикистон буданд ва яке аз онҳо дар роҳ ба бемористон ҷон додааст. Муҳоҷири дуюм таҳти табобат қарор дорад.

Ноҳияи Тропарево-Никулино дар ҷанубуғарби шаҳри Маскав дар ҳамсоягии Солнтсево ҷойгир шудааст. Муҳоҷирони тоҷик дар ин минтақа дар кӯчаи академик Анохин ба сохтмони депои сӯхторнишонӣ машғул буданд.

Мақомот ба тафтиши сабабҳои афтодани кран дар ин сохтмон оғоз кардаанд.

Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз шаҳрвандони тоҷик ба иллатҳои мухталиф ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Фалокатҳо дар ҷои кор як сабаби умдаи маргумири мардикорони тоҷик дар ин мулки мусофират ба шумор меравад.

Ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз дар Русия то се муҳоҷири тоҷик аз олам чашм мепӯшад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон