ИЗДИРАСТИ. Я - АВДУЛЛО... ГУФТУГӮИ ТЕЛЕФОНИИ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК БА РУСӢ (ВИДЕО)

ИЗДИРАСТИ. Я - АВДУЛЛО... ГУФТУГӮИ ТЕЛЕФОНИИ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК БА РУСӢ (ВИДЕО)

"Саморез приниси... саморез.... который болт, отвёртка, мехча зделает ғут-ғут... Паталок... задан даркор... вғғғ...ихелӣ...” Дар Интернет видеои сӯҳбати телефонии як муҳоҷири тоҷик бо корфармои русаш чарх мезанад. Муҳоҷири тоҷик, ки ба русӣ хуб балад нест, гоҳо ибораҳои хандаовареро ба забон меорад ва гоҳе ноилоҷ ба забони тоҷикӣ мегузарад. Бехабар аз ин ки корфармои рус мехчаву болғаи гуфтаи ӯро намефаҳмад, ки чист?

 

Дар ин видео, ки дар Интернет ва ҳам дар телефонҳои мобил дар Тоҷикистон чарх мезанад ва онро як хонандаи "Ахбор” фиристод, як муҳоҷири ҷавони тоҷик дар як коргоҳ ва вақте сабт шудааст, ки бо телефон бо корфармои худ дар бораи нақшаи корашон барои фардо ҳарф мезанад.

Садои мусоҳибаш дар видео шунида намешавад ва маълум нест, ки корфармои рус аз ин русии шикастаи коргари тоҷикаш чизе фаҳмид ё на?

Вале худи сӯҳбати мардикори тоҷик ба русӣ ба сари худ ба қавле "шоҳкор” аст:

 

-Алё, издирасти. Я – Авдулло. Да сех сидим. Чой зделаим... Ни понимаю..? Ни понимаишь, да? Говори ты… Ты сказал, ты там будишь, потом… зделаишь. Да, да, уна унҷада… Да хона. Пожалуста. Касе урусиро медона… Ни понимаишь? Ни понима... Ни понимаишь. Алик звони, понимаишь. Да, понимаишь. Алик – кара, кара. Алик – кара. Фура, кара, врррр. (Дар инҷо муҳоҷирони дигари тоҷикро ханда мегирад аз сӯҳбатҳои ин ҷавон) Да, да, фура, кара...

Дар инҷо як муҳоҷири тоҷик аз ин ҷавон мехоҳад, ки аз корфармо як чиз хоҳиш кунад:

-Бигӯ, ки саморез биорад.

Ҷавон бо сараш ишора мекунад, ки манзурро фаҳмид ва ба сӯҳбаташ бо корфармо идома медиҳад:

-Мехчи приниси.

-Саморез!

-Ҳа, саморез приниси... саморез.... который болт, отвёртка, мехча зделает ғут-ғут... Паталок... задан даркор(бо дасташ ба шифти хона нишон медиҳад). Вғғғғғ. Ихелӣ... Типа далбёфта, шрп... шрпа.. шрпанвёр.... Шрпанигор! Да, да, селхозтехника...

 

 

 

 

 

Чанде пеш дар Интернет видеои як муҳоҷири дигари тоҷик дар Русия нашр шуда буд, ки низ ба русӣ ҳамагӣ чанд калима ва он ҳам ба зӯр гап мезад. Ин муҳоҷир дар мағоза кӯшиш мекард, ки ба саволҳо асосан бо ишора ҷавоб бидиҳад, вале баъзан сӯҳбату ишораҳояш хеле хандаовар буд.

Ин муҳоҷир, ки дар як мағозаи маҳаллӣ тоза харид кардаву дар як дасташ халтаи харидашро алвонҷ медод, ҳатто макони зисташ дар Русияро дуруст гуфта наметавонад, як бало карда, бо лаби пурханда мефаҳмонад, ки онҳо дар як хона 7 нафаранд – "три қирғизу четыре тоҷик.”

Вақте аз ӯ мепурсанд, ки русиро медонад?, ӯ ба тоҷикӣ ҷавоб медиҳад, ки "кам-кам” ва пурсандаро, ки як хонум аст, ба ханда меорад. Муҳоҷири бечора ҳамин тавр, дар обу арақ тар шуда, мегӯяд, Эркинҷон Ҷумъаев ном дорад ва се ангушти дасташро нишон дода, мефаҳмонад, ки се фарзанд дорад. Вале вақте мепурсанд, ки худаш чанд сол дорад?, чор ангушти дасташро нишон медиҳад.

Пурсандаро аз ин ханда мегирад ва мепурсад, магар чорсолаӣ? Муҳоҷир ҳам бо ханда ҷавоб медиҳад, ки бале.

Аммо ин муҳоҷир бо вуҷуди чунин "русидонӣ”-аш хеле содаву самимӣ ба назар меояд ва лаҳзае ҳам табассум аз лабонаш канда намешавад. Ӯ дар охир бо ҳамин чеҳраи пурханда бо ҳамсӯҳбати русаш, ки вайро ин қадар "истинтоқ” кард, хайрухуш мекунад ва аз мағоза мебарояд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон