расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Садамаи пурқурбонӣ: Худрави ҳомили 5 нафар ба дарёи Фон сарозер шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Садамаи пурқурбонӣ: Худрави ҳомили 5 нафар ба дарёи Фон сарозер шуд

Худрави "Опел-Астра", таҳти идораи сокини 26-солаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дучори садама шудаст.

Ба иттилои КҲФ, ронандаи моошин ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Панҷакент ба самти пойтахти кишвар идораро аз даст дода, ба дарёи Фон сарозер гардидаст.

"Дар натиҷаи садама ронанда ва як мусофир, соли таваллудаш 1956, сокини ҷамоати Шинги шаҳри Панҷакент дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудаст, ки ду мусофири дигар, солҳои таваллудашон 1959 ва 2000 ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ шудаанд.

Мусофири дигари худрав, ки зодаи соли 2000-ум будаст, бедарак шудааст. КҲФ таъкид намудаст, ки ҷустуҷӯи нафари бедаракшуда идома дорад.

Дар зимн Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон даъват кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо шитоб накунанд.

Қаблан вазири умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода аз сабабҳои аслии сар задани садамаҳоро риоя накардани қоидаҳо аз сӯи ронандагон номид. Аз ҷумла нақзи қоидаҳои сабқат, баланд бардоштани суръат ва идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастиро зикр намуд.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.