ҲАМЛА БА ЯК ТОҶИК ДАР НАЗДИ МАСҶИДИ МАСКАВ ВА ҚАТЛИ ЯК ТОҶИК ДАР ПЕТЕРБУРГ

Рӯзи 11 ноябр як шаҳрванди Тоҷикистон дар назди масҷиди таърихии шаҳри Маскав дучори ҳамла шудааст. Пулиси Маскав мегӯяд, дар назди масҷиди таърихӣ байни ду гурӯҳ занозанӣ ба амал омад, ки дар натиҷаи он як шаҳрванди Тоҷикистонро корд задаанд. Дар ҳамин ҳол, дар Петербург аз як манзил ҷасади ба хун оғӯштаи як тоҷики 54-соларо пайдо кардаанд.

 

Хабаргузории "Москва” аз қавли манобеаш дар пулиси пойтахти Русия хабар дод, ки як шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 11 ноябр дар ҷараёни занозанӣ дар назди масҷиди таърихӣ дар кӯчаи Болшая Татарская корд хӯрдааст. Манбаи "Москва” мегӯяд: "Байни ду гурӯҳи одамон муноқиша бархост, ки ба занозанӣ печид. Дар ҷараёни занозанӣ як шаҳрванди Тоҷикистон корд хӯрдааст. Ҷабрдидаро ба Пажӯҳишгоҳи "Ёрии таъҷилӣ”-и ба номи Н.Склифосовский оварданд. Пулис гумонбари ин ҳамларо мушаххас ва дастгир кард.”

 

Ба зидди нафари дастгиршуда бо иттиҳоми қасдан расондани осеби вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода, ӯро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод кардаанд.

 

Дар ҳамин ҳол, пулиси шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 13 ноябр хабар дод, ки ҷасади як шаҳрванди кушташудашудаи Тоҷикистонро дар як манзили коммуналӣ дар кӯчаи Тимуровская бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти пулис, сару рӯи ин муҳоҷири тоҷик хунолуд ва пур аз варамҳои гуногун буд.

 

Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистонро барои маълум кардани сабатҳои ҳалокаташ ба ташхиси тиббиву додгоҳӣ супурдаанд. Тафтиши қазия оғоз ёфтааст.

Исми шаҳрванди тоҷики кушташуда нашр нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки ӯ 54 сол дошта, дар вилояти Владимир сабти номи муваққат дошт.

Бознашр аз Ахбор.ком

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон