ВИДЕОИ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР РОҲИ ҚӮРҒОНТЕППА

  • 13.11.2017, 05:42,
  • Ҷомеа
  • Хонанда: 2 075
  • 0
 

Дар Интернет видеои садамаи марговари субҳи 11 ноябр дар шоҳроҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа нашр шудааст. Бар асари бархӯрди мошини КамАЗ бо як микроавтобуси "Тангем” дар ҳудуди ҷамоати Бохтариёни ноҳияи Бохтар 5 нафар ба ҳалокат расида, 4 нафари дигар, бо шумули як ноболиғ ҷароҳат бардоштанд.

 

Баҳодур Уроқов як навори видеоиро аз маҳалли бархӯрди марговари мошини боркаши КамАЗ бо микроавтобус дар ҳудуди ҷамоати Бохтариёни ноҳияи Бохтар нашр кардааст. Дар ин видео дида мешавад, ки микроавтобуси "Тангем дар натиҷаи ин бархӯрд бо мошини боркаш комилан пачақ шуда, мардум бо сахтӣ дарҳояшро мекушоянд.

Ин садамаи марговар соати тақрибан нӯҳи субҳи 11 ноябр дар ҳудуди ҷамоати Бохтариён рух дод. Ба гуфтаи шоҳидон, мошини КамАЗ ба самти муқобили роҳ баромада, ба микроавтобуси "Тангем” бархӯрд. Ин микроавтобус аз шӯъбаи чоруми хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Бохтар ба самти бозори шаҳри Қӯрғонтеппа мерафт.

Дар натиҷаи садама 5 нафар аз мусофирони "Тангем” ба ҳалокат расида, 4 нафари дигар, аз ҷумла як ноболиғро ба бемористони Қараболои шаҳри Қӯрғонтеппа бурданд. Аз байни захмиён то ин соат танҳо як нафареро, ки дасташ шикаста буд, аз бемористон баъди гаҷ бастан ба дасти шикастааш ҷавоб додаанд.

Қурбониёни ин садамаи марговар ҳама сокинони шӯъбаи чоруми хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Бохтар буда, ба хотири хариди рӯзгор ба бозори Қӯрғонтеппа мерафтанд.

 

Роҳҳои Тоҷикистон яке аз роҳҳои аз нигоҳи садамаҳо пурхатар дар минтақа шумурда шуда, бино ба омори расмӣ, ҳар рӯз дар ҷодаҳои ин кишвар дастикам 4 садамаи нақлиётӣ рух медиҳад.

Бино ба омори расмӣ, аз соли 2010 ба ин тараф дар роҳҳои Тоҷикистон беш аз 10 500 садамаи нақлиётӣ рух дода, сабаби марги қариб 3300 нафар ва ҷароҳат бардоштани 11 800 тани дигар шудаанд.

 

САДАМАҲОИ ПУРҚУРБОНИИ СОЛИ 2017

Рӯзи 18 июн дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб дар ҳудуди ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ бар асари бурхӯрди ду мошини "Мерседес” ва "Опел” 7 нафар – ҳама ҷавонони аз 21 то 24-сола ба ҳалокат расиданд. Вазорати дохила гуфт, садама бо айби ронандаи "Мерседес”, ки ба самти муқобили роҳ баромад, рух додааст.

Шаби 7 май бар асари мошини тамғаи "Санг-Йонг-Мусо” бо як мошини боркаши "Долун” дар Варзоб ронандаи мошини "Санг-Йонг-Мусо” ва ду мусофири ин мошин, ки ҳарсе ҳам сокинони ноҳияи Варзоб буда, ҳамагӣ аз 27 то 28 сол доштаанд, ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи 24 апрел як мошини тамғаи "Lexus RX-330” ҳангоми ҳаракат аз ҷамоати Лоҳур ба самти ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба девори як манзили истиқоматӣ бархӯрд. Дар натиҷа як зани 49-солаи сокини ноҳияи Восеъ ва набераи дусолаи ӯ зери чархи мошин монда, ҳалок шуданд.

Шоми 19 апрел бар асари бархӯрди ду мошини "Мерседес” ва "Опел” дар километри 191-уми шоҳроҳи Хуҷанд – Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон се нафар - мусофирони автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс-180”, марди 33-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, марди 65-солаи сокини ноҳияи Восеъ ва мусофири автомашинаи тамғаи "Опел-Зефира”, зани 67-солаи сокини шаҳри Панҷакент ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расида, ду тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

 

Рӯзи 11 март як мошини боркаши ЗИЛ, ки баъди анҷоми маросими дафн ҷанозахонҳоро аз қабристони Теппаи Роҳатӣ дар канори шаҳри Ваҳдат пас меовард, дар дохили оромгоҳ аз як теппаи баланд сарозер шуд. Дар натиҷаи ин ҳодиса 7 нафар ҳалок ва 19 тани дигар захмӣ шуданд.

Ҳамин тавр, рӯзи 8 март бар асари ба ҳам бархӯрдани ду мошини ВАЗ-21099 ва "Опел-Астра” дар ҳудуди ноҳияи Данғара 6 нафар ба ҳалокат расида, як нафари дигар ҷароҳат бардошт.

Ҳамчунин рӯзи 28 январ дар як садама дар деҳаи Равоти ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд бар асари ба ҳам баръӯрдани як мошини "Мерседес” ва микроавтобуси Ворух – Исфара – Хуҷанд, ки ба самти маркази вилоят ҳаракат дошт, ронандаи "Газел” ва се мусофири "Мерседес” ҷон бохта, 11 тан аз мусофирони микроавтобусро ба бемористони Конибодом интиқол доданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон