СОЛГАРДИ ҲАМЛАИ ПОЛКОВНИКИ ОШӮБГАР МАҲМУД ХУДОЙБЕРДИЕВ (ВИДЕО)

Яке аз охирин аксҳои Маҳмуд Худойбердиев

 

19 сол пеш, шаби 3 ба 4 ноябри соли 1998 ҷангиёни полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев аз Узбекистон вориди вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) шуда, дар байни ҳамагӣ чанд соат шаҳри Хуҷанд, навоҳии атрофи он ва то ағбаи Анзобро тасарруф карданд, вале баъди се рӯз боз ба Узбекистон ақиб нишастанд. То кунун бовар меравад, ки Маҳмуд Худойбердиев зинда буда, дар Узбекистон паноҳ ёфтааст.

 

Дар он рӯзҳои аввали моҳи ноябри соли 1998 ҳама ҷо пур аз овозаи эҳтимоли ҳамлаи Маҳмуд Худойбердиев буд. Ҳама ҷо ҳамин мавзӯъ вирди забон буд, ки имрӯз ё пагоҳ ҷангиёни Маҳмуд ба Тоҷикистон ҳамла мекунанд ва ғолибан аз тариқи вилояти Ленинобод.

 

Вале бо ин вуҷуд, ҳамлаи шаби 3 ба 4 ноябр боз ҳам ҳамаро ғофилгир кард ва ба нирӯҳои Худойбердиев муяссар шуд, ки дар байни ҳамагӣ чанд соат тақрибан тамоми нуқтаҳои муҳими стратегӣ дар шаҳрҳои асосии шимоли Тоҷикистон - Хуҷанду Чкаловск, Қайроқуму Ӯротеппа, бо шумули шоҳроҳҳо, фурудгоҳҳо, истгоҳҳои муҳими роҳи оҳан ва ҳам ағбаи Анзоб, танҳо масири иртиботӣ байни шимоли кишвар ва пойтахт шаҳри Душанбе таҳти назорати худ дароранд.

 

Ҳоҷиюсуф Рабеъзода, раиси бахши гумруки ноҳияи Нов дар соли 1998 дар як мусоҳибааш бо муаллифи ин матлба гуфта буд, "аҷиб он буд, ки он шаб ҳатто дар посгоҳҳои муҳими Деҳмой ва Нов ба ҷойи 10-15 навбатдори маъмулӣ танҳо дунафарӣ истода буданд. Дар натиҷа, нирӯҳои Худойбердиев он шаб аз ду самт - аз ноҳияи Нов ва аз Шаҳристон вориди вилояти Ленинобод, Суғди кунунӣ шуданд. Нирӯе ки аз роҳи Нов омад, ба самти Хуҷанду Чкаловск ҳаракат кард. Як бахши дигари нирӯҳои Маҳмуд Худойбердиев таҳти фармондеҳии муовини ӯ полковник Сергей Заварикин, тавассути Шаҳристон вориди вилоят шуда, Шаҳристону Ӯротеппа ва ағбаи Анзобро ба ҳадаф гирифтанд.”

Ҷангиёни Маҳмуд Худойбердиев то расидан ба маркази вилояти Ленинобод ба ягон муқовимати ҷиддие рӯбарӯ нашуданд. Мираҳмади Амиршоҳ, сухангӯи фармондеҳи Гвардияи президентии Тоҷикистон генерал Ғаффор Мирзоев дар соли 1998 дар як сӯҳбат бо муаллифи ин матлаб гуфт, "танҳо ду қисми низомӣ ба афроди Маҳмуд Худойбердиев муқовимати мусаллаҳона нишон доданд: Яке қисми низомии Гвардияи президентӣ дар шаҳри Чкаловск ва яке дигар – қисми низомии марбут ба генерал Сӯҳроб Қосимов, мустақар дар Қалъачаи Хуҷанд. Қисмҳои дигар, метавон гуфт, бидуни ҷанг вилояти Ленинободро ба одамони Маҳмуд супурданд.”

 

Дар байни ҳамагӣ чанд соат ба дасти полковник Худойбердиев гузаштани қисмати асосии қаламрави шимоли Тоҷикистон ҳукумати марказӣ дар Душанберо сахт нигарон кард. Ҳукумат барои бори аввал барои саркӯби ин нирӯҳои шӯришӣ аз нирӯҳои Иттиҳоди мухолифин, ки тоза як сол пеш бо ҳукумат сулҳ карда буд, кумак хост.

 

Баталйони 25-ум ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ-Ҳалим) ва ҳамин тавр, фармондеҳони аршади мухолифин Мирзо Зиёев, Мирзохӯҷа Низомов, Шоҳ Искандаров ва дигарон нирӯҳои таҳти фармони худро ба кумаки нирӯҳои ҳукуматӣ фиристоданд. Амалиёти зидди Худойбердиев дар вилояти Ленинобод амалан аввалин амалиёти муштараки нирӯҳои давлатӣ ва мухолифин шуд.

Генерали шодравон Сӯҳроб Қосимов, ки он вақт ба бригадаи таъиноти махсуси вазорати корҳои дохилӣ фармондеҳӣ мекард, дар як сӯҳбат бо муаллифи ин мақола эътироф карда буд, ки саҳми нирӯҳои мухолифин дар саркӯби ошӯби Худойбердиев асосӣ буд: "Ба фарқ аз нирӯҳои ҳукуматӣ, ки асосан бачаҳои ҷавони бидуни таҷрибаи ҷангӣ буданд, ҷанговарони мухолифин ҳама мардони баркамол ва бо таҷрибаи ҷангӣ буданд ва хеле нотарсона меҷангиданд. Ин ҳамкорӣ бо оппозитсия барои сарбозони мо ҳатто як мактаби хуби ҷангӣ ҳам шуд.”

 

Мираҳмади Амиршоҳ гуфт, нирӯҳои Маҳмуд нуқоти муҳими шимоли кишварро ба даст оварда, танҳо як фурудгоҳи хурдеро дар Исфара аз ёд бурданд, ки ин ба фоидаи Душанбе шуд. Ба гуфтаи Мираҳмади Амиршоҳ, аввалин шуда нирӯҳои таҳти итоати фармондеҳи Гвардияи президентӣ генерал Ғаффор Мирзоев дар ҳамроҳӣ бо нирӯҳои мухолифин, ки ба онҳо Ҳамроҳ ном нафаре раҳбарӣ мекард, тавассути ҳамин фурудгоҳи Исфара вориди шимоли кишвар шуда ва аз он ҷо ба самти Чкаловску Хуҷанд ҳаракат карданд.

 

Дар натиҷа алакай рӯзи 5 ноябр ба ҳукумат муяссар шуд, ки ҷангиёни Худойбердиевро аз пойгоҳи асосиашон – шаҳри Хуҷанд берун андозанд. Рӯзи 7 ноябр алакай тамоми вилоят аз ҳузури одамони Маҳмуд тоза карда шуд.

Муаррихи тоҷик Нуралии Давлат мегӯяд, мухолифати шадиди Маҳмуд ба бозгашти ИНОТ ва саркашиҳои пайдарпаяш ба давлати вақти Тоҷикистон буд, ки ҳам давлат ва ҳам мухолифин дар муқобили ӯ аз як гиребон сар бароварданд. Ба ақидаи Нуралӣ Давлат, чанд омил боиси шикасти исёни Маҳмуд Худойбердиев шуд: "Аввалан, ҷомиаи байналмилалӣ ва бахусус Русия давлати Тоҷикистонро тоза бо як гурӯҳи мухолифинаш оштӣ дода буд ва барои худ дар ин қаламрав дарди сари наве намехостанд. Аммо иллати аслӣ, албатта, адами такягоҳи иҷтимоӣ, яъне ҳимояти фаъолонаи мардум аз ин ҳамла буд. Мардуми тоҷик, ки тоза аз ҷанги хунини шаҳрвандӣ халос шуда, акнун нафаси сабук мекашид, ягон зарра хостори дигарбора ба гирдоби ҷанг кашидани Тоҷикистон набуд. Ин аст, ки тақрибан ягон кас аз дохил ба ҳимоят аз нирӯҳои Маҳмуд Худойбердиев нахест.”
Амалиёти алайҳи Маҳмуд Худойбердиев дар пойизи соли 1998, тавре гуфтем, нахустин амалиёти муштараки нирӯҳои давлат ва Иттиҳоди Нирӯҳои Оппозисиюн (ИНОТ) ба шумор мерафт. Полковник Худойбердиев дар яке аз сӯҳбатҳои ангуштшумори матбуотиаш баъдан гуфта буд, ки ҳеҷ чашми ба ҳимояти давлати Раҳмонов ва алайҳи ӯ бархостани нирӯҳои мухолифинро надошт.

 

Раҳбари собиқи бахши гумруки ноҳияи Нов Ҳоҷиюсуфи Рабеъзода гуфта буд, ки иттилоъоти мувассақе аз пеш дар бораи омодагии Худойбердиев ба ин ҳамла ба даст омада буд, аммо касе зиёд ҷиддиаш нагирифт. Ба ҳар сурат,Маҳмуд Худойбердиев шимоли Тоҷикистонро дар моҳи ноябри соли 1998 дар зарфи ҳамагӣ чанд соат таҳти тасарруф даровард, вале ҳама дастовардҳои низомии ин ҳамларо дар зарфи ҳамагӣ се рӯзи баъд ва дар пайи як муқовимати ночиз аз даст дод ва худро ночор ба фирор кард. Аммо то кунун бисёре аз паҳлуҳои ин ҳамлаи барқосо ва фирори низ барқосои Маҳмуд Худойбердиев ҳамчунон ҳайратангез ва пурмуаммо менамоянд.

 

ТАЪРИХЧАИ ЗИНДАГИИ МАҲМУД ХУДОЙБЕРДИЕВ

Маҳмуд Тӯронович Худойбердиев 18 октябри соли 1964 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба дунё омадааст. Падари ӯ тоҷик ва модараш узбек буд. Худойбердиев соли 1985 омӯзишгоҳи низомии шаҳри Алма-Ато ба номи маршалл Коневро хатм карда, барои хидмат ба Афғонистон фиристода шуд ва то мақоми фармондеҳи взводи разведка дар бригадаи рақами 70 расид. Баъди хуруҷи нирӯҳои Артиши Шӯравӣ аз Афғонистон дар соли 1989 Худойбердиев муддате омӯзгори омӯзишгоҳи низомии Алма-Ато буд ва сипас ба Тоҷикистон баргашта, дар комиссариатҳои низомии ноҳияҳои Ҷиликӯл ва Бохтар кор кард.

 

Соли 1992 Худойбердиев ба мақоми муовини комиссари низомии вилояти Қӯрғонтеппа таъйин шуд. Баъди оғози ҷанги шаҳрвандӣ Худойбердиев фармондеҳии як гурӯҳи махсуси дивизияи 201-уми Русия дар Қӯрғонтеппаро ба дӯш гирифт. Моҳи сентябри соли 1992 Худойбердиев ба таври то ҳол мармуз танкҳои дивизияи 201-умро гирифта, ба тарафи Сангак Сафаров ва Фронти халқӣ гузашт. Бовар меравад, ки маҳз ҳамин танкҳои Худойбердиев сарнавишти ҷанг байни Фронти халқӣ ва нирӯҳои содиқ ба Ҳукумати муросои миллиро дар водии Вахш ба фоидаи Фронти халқӣ ҳал карданд.

Дар пайи пирӯзии Фронти Халқӣ ва ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон Маҳмуд Худойбердиев фармондеҳи бригадаи таъйиноти махсус дар шаҳри Қӯрғонтеппа таъйин шуд. Ин бригада алакай баъди ду сол дар пайи куштани полковники 21-сола Иззат Кӯганов нирӯҳои боқимондаи Файзалӣ Саидовро шикаст дода, назорати низомии водии Вахшро ба дасти худ гирифт. Полковник Худойбердиев чанд дафъа, аз ҷумла дар тобистони соли 1996 ва соли 1997 алайҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба мухолифати мусаллаҳона бархест. Ошӯби моҳи августи соли 1997 бо барканории Маҳмуд аз мақоми фармондеҳӣ ва тарки қаламрави Тоҷикистон кардани ӯву ёрони мусаллаҳаш анҷом ёфт.

Баъди ҳамла ба Хуҷанд дар тирамоҳи соли 1998 Худойбердиев аз мазҳари омм ғайб зад. Дар ин байн чандин бор хабари марги Маҳмуд Худойбердиев нашр, вале боз ба зудӣ такзиб шуд. Охирин бор матбуот дар бораи бо дасти муовинаш Сергей Зваригин кушта шудани ӯ дар моҳи октябри соли 2001, чанд рӯз пеш аз оғози маъракаи ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон навишта буд.

 

Дар ноҳияи Сариосиёи Узбекистон ҳатто маросими дафни Худойбердиевро доир карданд, вале як афсари амниятии тоҷик, ки дар он маросим пинҳонӣ ширкат карда буд, ба сомонаи "Ахбор” гуфт, ин маросим як саҳнасозӣ буд ва ӯ ба чашми худ дидаву боварӣ ҳосил карда буд, ки дар даруни кафан ҷасади на Худойбердиев, балки комилан як нафари дигар буд.

Соли 1998 ангушти иттиҳоми Душанбе билофосила ба сӯи Узбакистон баланд шуда буд, ки нирӯҳои Худойбердиев аз қаламраваш вориди вилояти Ленинобод шудаанд. Даъвое, ки Тошканд ҳамеша радд мекунад.

 

Аммо соли 2006, вақте ҳукумати Ислом Каримов эътирозҳои мардумро дар Андиҷон ба хун нишонд, шоҳидони зиёде гуфтанд, ки дар саркӯби эътирозҳои Андиҷон Каримов нирӯҳои Маҳмуд Худойбердиевро истифода бурда буд.

 

Ҳамчунин Икром Ёқубов, як афсари собиқи Хадамоти амнияти миллии Узбекистон баъди фирораш ба Аврупо дар соли 2008 гуфта буд, ки Худойбердиев ҳимояти Ислом Каримов ва духтарони ӯро бар ӯҳда дорад.

 

Соли 2010 Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳайдар Бобомуродовро барои таҳияи сӯиқасд ба ҷони раиси шаҳри Турсунзода Баракатулло Атохоҷа ба 30 соли зиндон маҳкум кард. Бобомуродов дар ҷараёни тафтишот гуфт, дар як қисми махсуси низомӣ дар ноҳияи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Шаргун дар вилояти Сурхондарёи Узбекистон хидмат мекард. Ба гуфтаи ӯ, фармондеҳи ин қисми низомӣ Маҳмуд Худойбердиев буд ва фармони куштани раиси шаҳри Турсунзодаро ба вай маҳз худи Худойбердиев дода буд.

 

Ин акс баъди чандин соли ғайб задани Худойбердиев дар Интернет нашр шуд. Гуфта мешуд, ки Худойбердиевро дар Узбекистон акс гирифтаанд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон