ОҒОЗИ ПАРВОЗҲОИ “СОМОН ЭЙР” АЗ КӮЛОБ БА МАСКАВ

Ширкати "Сомон Эйр”-и Тоҷикистон хабар дод, ки ба анҷоми парвозҳо аз Кӯлоб ба фурудгоҳи Внуковои Маскав оғоз кардааст. Ин парвозҳо ҳафтае се маротиба – рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе анҷом мешавад. Ҳавопаймои "Боинг 737”-и "Сомон Эйр” соати 17 аз Кӯлоб ба парвоз мехезад.

 

Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати "Сомон Эйр” рӯзи 3 ноябр ба сомонаи "Ахбор” гуфт, маросими ифтитоҳи парвози аввалини ин ширкат аз Маскав ба Кӯлоб рӯзи 31 октябр дар фурудгоҳи Внуково доир шуд ва дар нахустин ҳавопаймо 180 мусофир ба Кӯлоб парвоз карданд: "Сомон ЭйразКӯлоб ба фурудгоҳи Внуковои Москва ҳафтае 3 маротиба - рўзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе парвоз хоҳадкард. Вақтипарвоз аз фурудгоҳишаҳриКӯлоб17:00бавақтимаҳаллӣмуқарраршуда, парвозҳодар ин хатсайр тавассути ҳавопаймоҳои Боинг 737 амалӣ мегарданд.

 

Тимур Бандишоев гуфт, "Сомон Эйр” барои анҷоми ин парвозҳо ҳавопаймои "Боинг”-еро, ки дар хатти Хуҷанд – Маскав -Хуҷанд парвоз анҷом медиҳад, ҷудо кардааст: "Ба ин далел, исми хатсайр чунин мураккаб аст: Хуҷанд-Москва-Кӯлоб-Москва-Хуҷанд. Яъне ҳавопаймо аз Хуҷанд ба Маскав парвоз мекунад ва аз онҷо парвози рафту бозгашт ба Кӯлоб дорад. Баъде ки аз Кӯлоб ба Маскав мусофиронро овард, навбати парвоз дар хатти Маскав – Хуҷанд – Маскав мешавад. Ин парвозҳо мустақим анҷом мешаванд, чунин нест, ки ҳавопаймо аз Кӯлоб ба парвоз хеста, дар роҳ аз Хуҷанд ҳам мусофир бор кунад.”

 

Ширкати "Сомон Эйр” хабар дод, ки рӯзҳои 31 октябр – 2 ноябр барои бори аввал дар хатсайри Душанбе – Сеул низ парвози техникӣ анҷом додааст. Ин ширкат азм дорад, байни пойтахтҳои Тоҷикистону Кореяи ҷанубӣ парвозҳои мунтазамро оғоз кунад. Тимур Бандишоев, сухангӯи "Сомон Эйр” мегӯяд: "Кушодани хатсайри нав на танҳоҶумҳурии Тоҷикистон ваҶумҳурии Кореяро муттаҳид мекунад, балки муносибати сайёҳиро байни кишварҳо ба танзим медарорад. Дар таърихи 1 ноябр намояндагониҶумҳурии Тоҷикистон дар музокироти роҳбарони ширкатҳои сайёҳии машҳуриҶумҳурии Корея иштирок намуда, оид баҳамкории сеҷониба дар соҳаи туризм аз рӯйи самти Душанбе-Сеул Меморандум ба имзо расонданд,дар кори Форуми "Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон”, ки азҷониби сафоратиҶумҳурии Тоҷикистон дарҶумҳурии Корея бо дастгирии ширкатиҳавопаймоии "Сомон Эйр” омода шуда буд, иштирок намуда, инчунин бо намояндагони Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиётиҶумҳурии Корея,ҳайати роҳбарикунандаи ширкатҳоиҳавопаймоии «Korean Air» ва «Asiana Airlines» вохӯрӣгузаронданд.

 

"Сомон Эйр” дар ҳоли ҳозир бо ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 аз Тоҷикистон ба Русия, Қазоқистон, Олмон, Имороти Араб, Чин ва Туркия ва ҳамчунин аз Душанбе ба Хуҷанд парвозҳо анҷом медиҳад.

Бознашр аз Ахбор.ком

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон