“Маризии он касро пизишкон “илтиҳоби шуш” ташхис дода буданд. Имрӯз пас аз зуҳр ба мо хабар расид, ки генерал ҷон ба ҷонофарин таслим кардаанд”, - гуфт ин манбаъ.Бандишоев дар охирин паёмаш дар саҳифаи фейсбукӣ "Дар паноҳи Худо бошед" навиштааст.
Генерал Бандишоев аз "илтиҳоби шуш" даргузашт: охирин паёми генерал
Генерал-майор Миллопар Бандишозода, муовини прокурори вилояти Хатлон, собиқ муовини раиси Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон, дар синни 61 – солагӣ зиндагиро падруд гуфт
Яке аз наздикони Миллопар Бандишоев дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавсуф ҳудуди даҳ рӯз дар Шифохонаи марказии шаҳри Бохтар ва ду рӯзи ахир дар Шифохонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдаконаи Душанбе, ки дар шафати Маҷмааи тандурустии "Истиқлол” аст, тадовӣ мешуд.
Бандишозода соли 1959 таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи ба номи Ломоносови шаҳри Маскави Русия аст.
Аз соли 1987 то 2007 дар вазифаҳои гуногуни мақомоти прокуратураи Тоҷикистон, шуруъ аз сармуфаттиш то прокурори шаҳри Конибодом кор кардааст.
Аз соли 2007 ба 2015 дар мақомоти Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд то муовини раиси Агентӣ фаъолият намудааст. Моҳи июни соли 2011 генерал Бандишоев муовини раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон таъйин шуда буд ва то моҳи феврали соли 2015 дар он мақом адои вазифа кард.
Соли 2015 ӯ дубора ба мақомоти прокуратура баргашт ва то ду соли пеш муовини Раёсати тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳим буд. Соли 2018 муовини прокурори вилояти Хатлон таъин шуд. Соли 2013 бо фармони Президенти Тоҷикистон рутбаи генерал-майорро ба даст овардааст.