расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Трамп аз беморхона рухсат шуд ва гуфт, "аз коронавирус натарсед"

. / Ҷаҳон

Трамп аз беморхона рухсат шуд ва гуфт, "аз коронавирус натарсед"

Президенти ИМА Доналд Трамп дар даромадгоҳи як беморхонаи низомии канори Вашингтон

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 5-уми октябр, замоне, ки баъди се рӯзи табобат аз COVID-19 як беморхонаро дар канораҳои Вашингтон тарк кард, дар муроҷиат ба амрикоиҳо гуфт, ки аз коронавирус натарсанд. Трамп аз амрикоиҳо тақозо кард, ки нагузоранд зиндагии онҳоро хароб кунад ва гуфт, ки Амрико ин вирусро “бо беҳтарин доруву” воксина мағлуб хоҳад кард. Трамп аз дохили Кохи Сафед бо нашри видеое дар Твиттер гуфт, “дар бораи коронавирус хеле чизҳое омӯхтам ва ҳамин чиз мусаллам аст, ки набояд гузорем ин вирус бар мо бартарӣ дошта бошаду аз он битарсем. Мо аз болои он ғалаба мекунем”. Табиби Кохи Сафед Шон Конли рӯзи 5-уми октябр гуфт, ки Трамп ҳамоно метавонад дигаронро олуда кунад, аз ин рӯ таҳти карантин мемонаду истеъмоли доруҳои дексаметазон и ремдесивирро идома хоҳад дод. Трамп рӯзи 2-юми октябр пеш аз он ки ба беморхона интиқол меёфт, гуфт, ки ҳолаш чандон хуб нест, вале баъди як рӯзи муолиҷа гуфт, базудӣ ба Кохи Сафед бармегардад. Трамп, ки номзади интихоботи президентӣ асту бо сабаби гирифторӣ ба коронавирус барномаҳои таблиғотии интихоботиашро боздошт, ваъда дод, ки баъди муолиҷа базудӣ ба интихобот бармегардад. Бемории Трамп на танҳо ба барномаҳои ширкаташ дар интихобот осеб расонд, балки мавзеи пешини худи ӯро ҳам хадшадор кард, чун ӯ муддати тӯлонӣ ҷиддияти хатари коронавирусро, ки то ҳол 210 ҳазор сокини Амрикоро куштааст, ҷиддӣ нагирифт ва бо ҳамин сабаб ҳам мавриди интиқоди зиёд, аз ҷумла рақибаш аз демократҳо Ҷо Байден шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.