«Хоруғ-Дарвоз-Душанбе»: Чаппашавии «Дулан» ва дар зери оташ фавтидани ронанда

Як марди 43-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи “Хоруғ-Дарвоз-Душанбе”, дар мавзеи Очуқи деҳаи Зиғари ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро аз баландии тахминан 35-метр ба соҳили дарёи “Панҷ” чаппа кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии ВКД, рӯзи 1-уми январи соли равон, тахминан соати 18:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан”, марди 43-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи “Хоруғ-Дарвоз-Душанбе”, дар мавзеи Очуқи деҳаи Зиғари ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро аз баландии тахминан 35-метр ба соҳили дарёи “Панҷ” чаппа кардааст, ки сипас, дар дохили автомашинаи мазкур сӯхтор ба амал омадааст.

 Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа ронандаи автомашинаи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон