расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Варзишгарони навраси тоҷик дар Федератсияи Россия соҳиби ду медали тилло шуданд

. / Варзиш

Варзишгарони навраси тоҷик дар Федератсияи Россия соҳиби ду медали тилло шуданд

Дар  Федератсияи Россия давоми 3 рӯз Чемпионати кушоди Авруосиё оид ба ҷиу-ҷитсу миёни кӯдакону наврасон баргузор шуд. Дар қатори варзишгарони кишварҳои дигари қора ду навраси тоҷик- Мунис ва Абӯбакр Давлатовҳо ҳам дар мусобиқа ширкат намуданд. Дар ин бора  аз   Федератсияи ҷиу-ҷитсуи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба   шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Мунис Давлатов 8 сол дошта, дар вазни 24 кило ҳунарнамоӣ намуд. Ӯ ба Марк Савич аз Чехия, Никита Антонов аз Беларус ва Андрей Асташов аз Россия дастболо   гардида, унвони чемпиониро соҳиб шуд.
Абӯбакр Давлатов миёни варзишгарони соли таваллудашон 2013 дар вазни 23 кило ғолиби мусобиқа дониста шуд. Ӯ дар даври аввал   Павел Савостики русро шикаст дода, бар ҳарифони навбатии худ Никита Михайлов аз Беларус ва Степан Макаров аз Россия дастболо гардида, медали тилло гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ин ду варзишгари умедбахши тоҷик дар мусобиқаи дигаре, ки  бо номи  AJP TOUR MOSCOW INTERNATIONAL PRO моҳи августи соли равон дар доир шуда буд, ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ даст ёфта буданд.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.