Қатли зану шавҳари соҳибкор дар Суғд

Қатли зану шавҳари соҳибкор дар Суғд

 

Ба думболи қатли як зану шавҳари соҳибкор дар Суғд, мақомот як гурӯҳи фаврии тафтишотӣ, иборат аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода, омилони ин ҷинояти мудҳишро ҷустуҷӯ доранд.

 

Муҳсин Юсуфов, корманди маркази матбуоти раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки шоми сешанбеи 17-уми октябр афроди шахсияташон номаълум як зану шавҳари тоҷирро дар манзили зисташон дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба қатл расонидаанд.

Манбаъ афзуд, ба хотири ҳифзи сирри тафтишотӣ, ному насаби кушташудагон ва ҷузъиёти ин ҷиноят ошкор карда намешавад. То ба ҳол мақомот дар иртибот ба ин ҳодиса фарзияе ироа накарда ва низ нагуфтанд, ки касеро ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят боздошт кардаанд ваё на.

 

Вале гуфта мешавад, ин қатли зану шавҳари соҳибкор монанд ба куштори олилаи тиллофурӯш Бобоевҳо дар ноҳияи Ғафуров аст, ки чанд сол пеш ғоратгарон нимашабе ба хонаи онҳо ворид шуда, ин ҷуфт ва се фарзанди онҳоро ба қатл расониданд.

 

Сипас сандуқи оҳанини Бобоевҳоро шикаста, тахминан ба маблағи 30000 доллар тилловориҳо дуздиданд ва манзили онҳоро оташ заданд. Кормандони пулис омилони ин қатли даҳшатнокро, ки мардумро ба изтироб андохта буд, баъди моҳҳо ҷустуҷӯ дастгир ва ба маҳбас кашиданд.

 

Бино ба фарзияи аввалияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қатли зану шавҳар М. ва С. К. дар ҷамотаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ба хотири дуздии маблағҳо, сурат гирифтааст. Ин зану шавҳар дар бозори "Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷанд мол мефурӯхтаанд.

 

Гуфта мешавад, ки қабл аз куштор, қотилон даҳони зану шавҳарро бо коғазширеш (скотч) баста, азият додаанд. Замони сар задани ҳодиса дар утоқи дигари манзил писари хурдии ин ҷуфт низ ҳузур доштааст, вале ӯ аз ворид шудани қотилону кушта шудани падару модараш огоҳ нашудааст.

 

Манбаъ "Озоди"

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон