ЗАНОЗАНИИ МУАЛЛИМ БО ШОГИРДАШ ДАР ЯК МАКТАБИ ДУШАНБЕ (ВИДЕО)

ЗАНОЗАНИИ МУАЛЛИМ БО ШОГИРДАШ ДАР ЯК МАКТАБИ ДУШАНБЕ (ВИДЕО)

 

Дар Интернет видеои занозании як омӯзгор бо як хонанда дар яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе нашр шудааст. Муаллим баъди раддубал партаи мактабро бардошта, ба сари шогирдаш мепартояд. Шогирд дар посух муаллимро аз по зада, афтонд. Гурӯҳе бар инанд, ки омӯзгор ҳаққи чунин рафтор надорад. Гурӯҳи дигар мегӯянд, шогирдони имрӯза забони дигарро намефаҳманд.

 

Дар видеое, ки дар Интернет нашр шудааст, дида мешавад, ки дар дохили як синфхона муаллим бо як шогирдаш вориди муноқиша мешаванд.

Муаллим даст афшонда ва хитоб ба ин шогирд мегӯяд:

-Э бача, ту қатии ман баробаргӯӣ накун!

Аммо хонандаи мактаб ҷавоби устодашро дар ҷояш медиҳад:

-Бирав, бирав ун сӯ!

Муаллим аз ин ҳарфҳои хонанда ба қаҳр омада, партаи мактабро бо ҳарду дасташ бардошт ва ба сари шогирд ҳаво дод. Шогирд дар посух ба муаллим ҳамла карда, аз гиребонаш гирифт ва бо як зарба ӯро рӯи фарш ба пушт афтонд.

Муаллим аз ҷо баланд шуда, ба он наврас ҳамла карданӣ шуд, вале аз шогирдаш боз як шаттаи дигар хӯрд.

Дар ҳамин ҳангом, ки садои доду фарёди хонандадухтарон баланд шуда буд, шогирдони дигар худро расонда, муаллиму хонандаро аз ҳам ҷудо карданд.

 

 

Ин видео камтар аз як дақиқа аст. Баҳси занозании муаллим ва талаба мардумро ду тақсим кардааст. Гурӯҳе бар инанд, ки омӯзгор ҳаққи чунин рафтор надорад. Гурхҳи дигар мегӯянд, шогирдони имрӯза забони дигарро намефаҳманд.

mukhammad_khasanov_99 ном корбари шабакаи Инстаграм бо нашри ин видео навиштааст, ки ин занозанӣ байни муаллим ва хонанда моҳи май дар мактаби рақами 75 рух додааст.

Тафсилоти дигари қазия ва ҳам ин ки оё барои ин занозанӣ касе ҷазо гирифт ё на?, маълум нест.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон