расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Вадим Садоншоев директори “Интернюс”-и Тоҷикистон шуд.

. / Ҷомеа

Вадим Садоншоев директори “Интернюс”-и Тоҷикистон шуд.

Вадим Садоншоев
Вадим Садоншоев аз соли 2018 менеҷери барномаҳои Internews-и Тоҷикистон буд, ки дар ин мақом ба ҷойи Абдумалик Қодиров интихоб шуд. Абдумалик Қодиров, ки аз соли 2016 роҳбари дафтари тоҷикистонии ташкилоти ғайритиҷоратии байнулмилалии “Интернюс”-ро ба уҳда дошт, моҳи марти соли ҷорӣ аз вазифа барканор шуд. Ба иддаои ӯ, қарори аз вазифа озод кардани ӯ хилофи қавонини меҳнати кишвар ва низомномаи ин ташкилот аст.
Вадим Садоншоев то замони кор дар Internews дар департаменти иттилооти Сафоратхонаи ИМА дар Душанбе, Ҳамоҳангсози расонаҳо ва ровобити умумии Бунёди Авруосиёи Осиёи Марказӣ кор кардаанд. Ҳамчунин наздик бе се сол Мудири иҷроияи Маркази Исмоилия дар Тоҷикисон ва ҳамоҳангсози барномаҳои рушди демкоратияи USAID Тоҷкистонон низ кор кардаанд. То интихоби Вадим Садоншоев раҳбарии  Internews-ро дар Тоҷикистон Анжелика Попова ба сифати иҷрокунандаи вазифаи мудир ба дӯш дошт. 

“Интернюс” ташкилоти ғайритиҷоратии байнулмилалиест, ки аз соли 1995 дар Тоҷикистон дафтар дорад ва фаъолияти он асосан ба дастгирии расонаҳо равона шудааст. Дафтари марказии он дар ИМА қарор дошта, дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон намояндагии минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.