Котиби Додгоҳи шаҳри Ҳисор ҳангоми ришваситонӣ дастгир шуд.

tajikistan

 

Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасод котиби Додгоҳи шаҳри Ҳисор Ҷаҳонгир Суҳробзодаро ҳангоми дарёфти пора дастгир кард.

Ба гузориши равобити умумии Ожонси мубориза бо фасод, шаҳрванде аз котиби Додгоҳи шаҳри Ҳисор Ҷаҳонгир Суҳробзода ба ин ниҳод шикоят бурдааст.

Ин шаҳрванд гуфтааст, ки дабири Додгоҳи шаҳри Ҳисор аз ӯ 4500 сомонӣ ришва барои ба суди ин шаҳрванд ҳалл кардани баҳс бар сари қитъаи замини назди ҳавлӣ ситонда ва боз 4500 сомонии дигар низ хостааст.

Кормандони Ожонси мубориза бо фасод дар паи баргузории амалиёти бозҷӯӣ Ҷаҳонгир Суҳробзодаро ҳангоми дарёфти ришва аз он шаҳрванд дастгир карда ва маблағи 4500 сомониро аз ӯ чун далели шайъӣ ситондаанд. 

Ожонс гузориш дода, ки Ҷаҳонгир Суҳробзода муттаҳам ба ришваситонӣ шуда ва ин қазия аз рӯи моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в, г» Қонуни ҷиноии ҶТ бозҷуст шуда ва парванда пас аз анҷоми бозҷӯии муқаддамотӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ супурда шудааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон