ҚОТИЛИ САНГАКУ ФАЙЗАЛИРО БА ДУШАНБЕ СУПУРДАНД? (ВИДЕО)

  • 11.10.2017, 11:53,
  • Ҷомеа
  • Хонанда: 1 753
  • 0
 

 

 

Додситонии Маскав гуфт, Муродалӣ Содиқов, як шаҳрванди 46-солаи Тоҷикистон ба Душанбе истирдод шуд. Содиқов ба он айбдор мешавад, ки шаби 30 марти соли 1993 дар вилояти Хатлон ҳамроҳи шариконаш се нафарро куштааст. Он шаб, қарори маълум, ду фармондеҳи аввали Фронти халқӣ Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов кушта шуданд.

 

Дафтари матбуоти додситонии шашри Маскав рӯзи 11 октябр хабар дод, ки шаҳрванди 46-солаи Тоҷиикистон Муродалӣ Содиқовро ба кишвари зодгоҳаш истирдод кардаанд. Муродалӣ Содиқов ҳанӯз моши январи соли 2017 дар истгоҳи метрои "Румянтсево”-и шаҳри Маскав аз ҷониби маъмурони пулиси метро дастгир шуда буд ва ахиран додситонии кулли Русия қарори истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро содир кардааст.

Бино ба ин манбаъ, Муродалӣ Содиқов беш аз 10 сол боз аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон бар асоси моддаи 10-уми Кодекси ҷиноятии он кишвар бо иттиҳоми куштори беш аз ду нафар аз ҳиссиёти авбошӣ ва бо бераҳмии махсус ҷустуҷӯ мешуд.

Дафтари матбуоти додситонии Маскав мегӯяд, Содиқов ба он айбдор мешавад, ки шаби 30 марти соли 1993 дар вилояти Хатлон ҳамроҳи шариконаш бо истифода аз силоҳ се нафарро бо бераҳмии махсус куштааст.

Додситонии Маскав тафсилоти аз ин бештар наовардааст, вале шаби 30 марти соли 1993 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, қарори маълум, Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов, ду фармондеҳи аввали Фронти халқӣ – яке аз ҷонибҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон – дар як шароити то ҳол пурасрор кушта шуданд.

Ахиран дар як видеои 15-дақиқагӣ дар Интернет бо номи "Асрори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон: Сангак Сафаров дар муқобили Файзалӣ Саидов” ҷузъиёти кушта шудани Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов – ду фармондеҳи аввали Фронти халқӣ дар шаби 29 ба 30 марти соли 1993, ҳамагӣ се моҳ баъди пирӯзии ин тарафи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро қисса кардаанд.

Дар оғози видео гуфта мешавад, ки "баъзан дар сиёсат чизҳои аҷибе рух медиҳанд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон тамом шуд ва ду каллабур, ду иштирокчии асосии ин ҷанг, ки барои ояндаи дурахшон ҳеҷ мувофиқ намеомаданд ва намедонистанд, ки онҳоро куҷо кунанд, ба таври ногаҳонӣ якдигарро куштанд. Ва якбора мушкили асосӣ – масъалаи қаҳрамонҳои ҷанги шаҳрвандӣ – ҳалл шуд.”

Ду ҷангсолори аз ҳамаи маъруфи он даврон – фармондеҳи Фронти халқӣ Сангак Сафаров ва фармондеҳи бригадаи таъйиноти махсуси вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Файзалӣ Саидов ва чанд тан аз муҳофизони ҳардуи онҳо шаби 29 ба 30 марти соли 1993 дар як шароити мармуз дар манзили Файзалӣ Саидов дар совхоз-техникуми он вақт ба номи Куйбишеви ноҳияи Бохтар, ки баъд ба номи Файзалӣ Саидов гузошта шуд, кушта шуданд.

Бино ба ин гузориш, рӯзи 29 март Сангак Сафаров дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бо намояндагони тоҷикҳое, ки ба он сӯи Омӯ гуреза шуда буданд, мулоқот дошт. Ҳукумати Тоҷикистон мехост бо ваъдаи таъмини амният гурезаҳоро ба водии Вахш баргардонад, вале бархе фармондеҳони саҳроӣ, аз ҷумла Файзалӣ Саидов ба ин мухолиф буданд. Ҳукумат ба ин далел аз Сангак Сафаров хоста буд, то бо истифода аз нуфузаш ин фармондеҳонро ба зарурати баргардондани гурезаҳо мутақоид созад.

 

Сангак Сафаров дар марз ба гурезаҳо ваъда дод, ки худаш амнияти онҳоро кафолат медиҳад ва бо фармондеҳоне, ки онҳоро таъқиб мекунанд, гап хоҳад зад.

Ҳайъати ҳукумат шоми 29 март аз марз баргашт, вале Сангак Сафаров дар наздикии шаҳри Қӯрғонтеппа бо муҳофизонаш аз корвони онҳо ҷудо шуд ва ба тарафи ноҳияи Бохтар рафт. Сангак Сафаров ҳангоми худоҳофизӣ бо Абдулмаҷид Достиев, муовини аввали раиси Шӯрои олӣ гуфтааст, ки "бояд бачаҳоро бубинам.”

Гӯяндаи навор мегӯяд, Сангак Сафаров мефаҳмид, ки мониаи асосӣ дар роҳи баргардондани гурезаҳо маҳз Файзалӣ Саидов аст, ки "дар ин авохир талош мекард, то аз таҳти назорати ҳукумат берун биояд. Аз тарафи дигар, насиби Сангак Сафаров шудани тамоми меваҳои пирӯзӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ низ Файзалӣ Саидовро ором намегузошт. Ҳатто додани рутбаи полковник ба Файзалӣ Саидов ва ба номи вай гузоштани исми совхоз-техникуми Куйбишев ва як автобаза дар шаҳри Душанбе вайро қаноат дода натавонист.”

Ҳусейн, бародари Файзалӣ Саидов гуфтааст, ки ҳамони шаби 29 ба 30 март нирӯи барқро дар кӯчаи онҳо хомӯш карданд. Соат тақрибан даҳи шаб буд, ки Сангак Сафаров ҳамроҳи се муҳофиза ва ронандааш ба манзили онҳо омадааст.

Ронанда дар дохили мошин дар кӯча истод ва муҳофизони Сангак Сафаров, ки ду нафараш ҷиянҳои худи ӯ буданд, дар дохили ҳавлӣ мавқеъ гирифтанд. Аҷиб он аст, ки Файзалӣ Саидов муҳофизони худро, ки қариб 30 нафар буданд, он шаб ҷавоб дода буд ва дар паҳлуяш танҳо як муҳофизи шахсии ӯ Солибой Зокиров монда буд.


 

Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов то соати тақрибан дуи шаб дар дохили хона сӯҳбат кардаанд. Дар чӣ бора сӯҳбат кардани онҳо маълум нест, вале ҳамсар ва бародари Файзалӣ Саидов гуфтаанд, ки сӯҳбати ҳарду ором мегузашт, касе баландгӯӣ ё ҳақорату дашном намекард.

Соати қариб дуи шаб меҳмон аз ҷояш хест. Соҳиби хона низ хест, то ки Сангак Сафаровро то дами дарвоза гусел кунад. Ҳусейн Саидов мегӯяд, бародараш бо худ силоҳ надошт.

Идомаи қиссаро аз гӯяндаи ин видео мешунавем: "Дар маҷмӯъ 6 нафар дар назди дарвоза буданд – Файзалӣ Саидов бо муҳофизаш Солибой Зокиров ва Сангак Сафаров бо се муҳофизаш. Дақиқае баъд садои тир баланд шуд. Аввал як тир, баъд ду тири дигар. Баъди ин оромии шабро садои тирпарронӣ пур кард. Вақте Ҳусейн ва ҳамсари Файзалӣ – Дилбар – ба берун баромаданд, шоҳиди манзараи даҳшатноке шуданд: Ҳамаи муҳофизони Сангакро кушта буданд. Солибой – муҳофизи Файзалӣ - аз дасту аз шушаш тир хӯрдаҷқ буд. Ронандаи Сангак гурехта буд. Файзалӣ дар роҳчае, ки ба сӯи дарвозаи хона мебурд, ба пушт хобида буд. Се қадам аз ӯ дуртар Сангак камарашро дошта, нолиш мекард. Дар он лаҳза ҳарду ҳанӯз зинда буданд. Ба гуфтаи Ҳусейн, Сангак бо як даст захмашро медошт ва бо дасти дигараш кӯшиш дошт, то худро аз тирбороне, ки алакай қатъ шуда буд, дифоъ кунад. "Истед, истед!” – мегуфт зери лаб Сангак. Дақиқае баъд ӯ ҷон дод. Охирин суханони Файзалӣ лабрези нафрату адоват буданд:"Номард, номардиатро кардӣ.”

Ҳусейн ҷасади бародарашро бардошта, дохили ҳавлӣ бурд ва рӯи кат гузошт. Аммо ҷасади Сангак то саҳар дар назди дарвоза дар рӯи замин монд.

Субҳи рӯзи 30 август, вақте мақомоти тафтишотӣ омаданд, аз маҳалли тирпарронии шабона ҷасадҳои боз се муҳофизи Файзалиро пайдо карданд. Касе намедонист, ки онҳо чӣ гуна дар онҷо пайдо шуданд ва кӣ онҳоро кушт?

Мақомот баъдан ба хонаводаи Файзалӣ Саидов гуфтаанд, ки бар асоси хулосаи тафтишот, тирпаррониро Сангак оғоз карда, тири аввалро ба сари Файзалӣ зада ӯро кушт ва бо ду тири дигар муҳофизи Файзалиро маҷрӯҳ кард. Худи Сангаку муҳофизонашро муҳофизони Файзалӣ, ки садои тирро шунида, ҳозир шуданд, куштаанд.

Дилбар, ҳамсари Файзалӣ Саидов гуфтааст, ки ӯро ҳар касе кушта бошад, дар наздикиаш қарор дошт, зеро дар атрофи захмҳои Файзалӣ осори сӯхтагӣ дида мешуд. Аз тире ки аз дур зада мешавад, чунин пай намемонад, гуфтааст Дилбар.

Вале чанд сол баъди ин ҳодиса дар барномаи "Чёрная маска” дар телевизиони Русия як марде, ки худро афсари собиқи амниятӣ муаррифӣ кард, гуфт, ки Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидовро шаби 29 ба 30 марти соли 1993 нирӯҳои вижаи Русия аз байн бурдаанд, чунки онҳо бо дағдағаҳои беш аз ҳадди худ ба дили ҳама зада буданд. Аз тарафи дигар, гуфта буд ин афсар, Сангак ва Файзалӣ алакай миссияи худро адо карда, нодаркор шуда буданд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон