расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » JICA ба корхонаҳои обу корези Тоҷикистон 300 тонна гипохлорит медиҳад

. / Ҷомеа

JICA ба корхонаҳои обу корези Тоҷикистон 300 тонна гипохлорит медиҳад

Таъмини оби нӯшокӣ яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ҷопон аст.

Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар якҷоягӣ бо Агентии Оғохон оид ба макони зист (AKAH) ба Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии Манзилию Комуналӣ" (КВД ХМК) барои тақвияти иқтидори он  дар таъмини оби нӯшокӣ дар чаҳорчӯбаи “Лоиҳа оид ба такмил додани идоракунии хизматрасонии оби нӯшокӣ дар корхонаҳои обу корезии ноҳияҳои Панҷ ва Ҳамадонии вилояти Хатлон” кӯмак намуданд.
Таъмини оби нӯшокӣ яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷопон ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз, Агентии JICA КВД “ХМК”-ро дар таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур  дастгирӣ менамояд.

Бо назардошти хуруҷи пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон, таъмини доимӣ ва устувори оби тозаи нӯшокӣ барои аҳолӣ бояд афзалияти баланд дошта, баҳри беҳтар намудани ҳолати санитарӣ ва гигиении аҳолӣ нақши муҳим мебозад. Безарар гардонидани оби тоза инчунин боиси пешгирӣ намудани  бемориҳои сироятӣ , ба монанди COVID-19, мегардад.          
Дар ин раванд, Агентии JICA дар доираи лоиҳаи дар боло зикргардида ба КВД “ХМК” кумаки  молиявӣ ва техникӣ дар харидории фаврӣ, ворид ва интиқоли 300 тонна гипохлориди калсий бо арзиши умумии 9,555,000 сомонӣ, ки барои безарар гардонидани оби нӯшокӣ аз тарафи ҳамаи водоканалҳои сатҳи ноҳиявӣ барои 5 моҳ зарур аст, расонд.  

Дар ин ҳамкории махсус, AKAH шабакаи миллии ихтиёриёни худро барои таъмин намудани гипохлорид ба водоканалҳо сафарбар намуда, ба кормандони водоканалҳо барои ҷамъоварии ёддоштҳои интиқол кӯмак намуданд ва ёрии худро барои тафтиши сифати молҳои таҳвилшуда расониданд. Чи тавре ки AKAH бо тавсеаи иқтидори худ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият мекунад, ҳамин тавр, дар даври пандемия COVID-19, ин шабакаи мустақил фаъол карда шуд.
Ҳам JICA ва ҳам AKAH ба Ҳукумати Тоҷикистон дар баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ мусоидат мекунанд ва якҷоя бо Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими системаи таъминоти оби нӯшокӣ ва ноил шудан ба Ҳадафи Рушди Устувори (SDG) №6 “дастрасии ҳама ба оби бехатар ва санитария” ҳамкорӣ хоҳад кард.

JICA ҳамкориҳои техникии худро бо Тоҷикистон аз соли 1993 бо даъват намудани хизматчиёни давлатӣ бо мақсади донишомӯзӣ дар Ҷопон ва аз худ намудани таҷрибаи Ҷопон оид ба рушди идоракунии давлат ва рушди соҳаи макроиқтисодӣ, оғоз намуд. Ба моҳи январи соли 2016 шумораи умумии иштирокчиёни Барномаи курсҳои омӯзишӣ, ки расман ҳамчун курсҳои омузишии JICA эътироф гардидааст, зиёда аз 2200 нафарро ташкил дод.
 Дафтари Намояндагии Ҷопон дар Тоҷикистон соли 2006 ба фаъолияти худ шурӯъ карда ва аз он ҷониб лоиҳаҳои гуногуни бебозгашт ва техникӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳаёти мардуми Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таъмини оби нӯшокии бехатар, ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ тавассути рушди хоҷагии қишлоқ, беҳтар намудани инфрасохтори роҳ, авиатсия ва энергетика, барнома оиди идоракунии сарҳад ва барнома оиди рушди иктидор амалӣ гаштаанд. JICA дар маҷмӯъ 41 лоиҳаҳоро ба маблағи 401,4 млн. доллари ИМА амалӣ намуд, ки аз он 83,7 млн. доллари ИМА кумаки техникӣ ва 317,7 млн. доллари ИМА кӯмакӣ гранти мебошад. Айни замон 12 лоиҳа амалӣ гашта истодааст. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.