ҲАВОПАЙМОИ "ТОҶИК ЭЙР" БАЪДИ 20 СОАТ ТАЪХИР ПАРВОЗ КАРД

 

 

 

Ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр” бо 20 соат таъхир, билохира соати 15:51 аз фурудгоҳи Душанбе ба қасди Маскав парвоз кард. Мақомоти ширкат кафидани шланги ҳавопайморо сабаби фаровардани мусофирони алакай саворшуда ва чунин таъхир меноманд.

 

Ҳавопаймои Boeing 767 –300 – и ширкати «Тоҷик Эйр» рӯзи 4 октябр, соати 15:51 аз фурудгоҳи Душанбе билохира ба Маскав парвоз кард. Ин ҳавопаймо мебоист ҳанӯз шоми 3 октябр, соати 19 парвоз мекард ва то субҳ аз Маскав бармегашт.

Аммо нуқсони фаннӣ боис шуд, ки шоми 3 октябр мусофирони алакай саворшударо аз ҳавопаймо фароранд ва парвозро ба таъхир гузоранд.

Азиз Хайруллоев, сухангӯи ширкати "Тоҷик Эйр” гуфт, сабаби қатъи парвоз кафидани як шланги системаи гидравликаи ҳавопаймо буд. Вале бархе манобеи огоҳ мегӯянд, ки дар асл муҳаррики ҳавопаймо кор накардааст ва халабонҳо баъди савор кардани мусофирон натавонистаанд ҳавопайморо ба ҳаракат бидароранд.

Ин ҳавопаймои Boeing 767 –300 бузургтарин ҳавопаймо дар Тоҷикистон ном бурда мешуд ва онро ҳатто "Гулливер” лақаб додаанд.

Азиз Хайруллоев гуфт, ҳамаи 124 мусофири ҳавопайморо шабона дар меҳмонхонаи "Душанбе” ҷой карданд. Ба гуфтаи вай, мусофиронеро, ки мебоист бо ин ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе парвоз мекарданд, низ имшаб дар пойтахти Русия дар меҳмонхона ҷой кардаанд.

Мушкили фаннии ҳавопаймои бузургтарини "Тоҷик Эйр” дар ҳолест ки ҳафтаи гузашта як ҳавопаймои АН-28-и ин ширкат баъди ба парвоз хестан аз фурудгоҳи Хоруғ маҷбур шуд дубора ба онҷо фуруд биояд. Гуфта мешуд, ки дар ҳаво яке аз муҳаррикҳои ҳавопаймо аз кор мондааст. Мусофирони он парвозро баъдан бо чархбол то Душанбе расонданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон