МУАЛЛИМ БА НИШОНИ ЭЪТИРОЗ ХУДСӮЗӢ КАРД (ВИДЕО)

Вақте мақомоти Узбекистон барои хароб кардани манзили бо азоб сохтаи як омӯзгори мактаб омаданд, ӯ ба нишони эътироз болои боми хонааш баромада, худро дар пеши чашми ҳама оташ зад ва аз боми хона ба замин партофт. Аҳмад Ниёзимбетов ҳоло дар бемористон қарор дорад.

Аҳмад Ниёзимбетов, сокини 29-сола деҳаи Уллибоғи ноҳияи Турткӯли ҷумҳурии Қароқалпоқистони Узбекистон бо роҳи худсӯзӣ ба қарори додгоҳ дар бораи тахриби манзили гӯё ғайриқонунӣ сохтааш эътироз кард.

Вақте мақомот барои тахриби манзили ин омӯзгори мактаб омаданд, Ниёзимбетов ба болои бом баромада, худро дар пеши чашми ҳама оташ зад ва аз болои бом ба замин партофт.

Аҳмад Ниёзимбетов дар сӯҳбат бо радиои "Озодлик” гуфт, рӯзи 19 сентябр мақомот омада, ӯро аз хона пеш карданд. Вақте ӯ берун баромад, дид, ки алакай як булдозер ва як экскаватор барои хароб кардани манзили вай омода карда шудаанд.

Дар видеое, ки бародари Аҳмад сабт кардааст ва дар Интернет нашр шуд, дида мешавад, ки Қодир Дурдиев, намояндаи ҳукумати ноҳияи Турткӯл мегӯяд: "Қарори додгоҳ дар бораи тахриби ин хона содир шудааст. Ин хонаро ғайриқонунӣ сохтаанд. Он тахриб карда мешавад.”

Аммо Аҳмад Ниёзимбетов мегӯяд, тамоми санадҳои лозимро дорад ва хонаашро дар кадастр сабти ном кардааст. Ӯ мегӯяд, бо маоши ночизи муаллимӣ бо як азоб ин хонаро сохт ва ҳукми додгоҳ амалан вайро дар кӯча меандозад.

Вале муовини ҳокими ноҳияи Турткӯл Азимбой Сапаев мегӯяд, ки асноде ки ба ин омӯзгор додаанд, қонунӣ нест: "Бо вуҷуди доштани санади кадастр, зоҳиран касе ин санадҳоро ба вай пештар ғайриқонунӣ додааст. Дар ҳақиқат дар санадҳо мӯҳри воқеӣ зада шудааст. Вале ин санадҳо на дар Турткӯл ва на дар Нуқус – пойтахти Қароқалпоқистон сабт нашудаанд.”

Дар видео дида мешавад, ки кормандони милиса талош мекунанд, то телефонро аз дасти бародари Аҳмад кашида бигиранд ва монеи наворгирии ин ҳодиса шаванд.

Аҳмад дар натиҷаи ин худсӯзии эътирозиаш, ба гуфтаи табибон, ҷароҳати вазнин набардоштааст ва ҳоло дар бемористони марказии ноҳияи Турткӯл таҳти табобат қарор дорад.

Муовини ҳокими Турткӯл гуфт, Аҳмад Ниёзимбетов танҳо нафаре нест, ки хонааш бо ҳукми додгоҳ тахриб карда мешавад. Додгоҳи Турткӯл дар маҷмӯъ дар бораи хароб кардани ҳудуди 500 хонаи "ғайриқонунӣ” дар ин минтақа ҳукм баровардааст.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон