Кормандони милитсия донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгориро ба илмомӯзию ватандӯстӣ даъват карданд

ДУШАНБЕ, 29.12.2016. Дар вохӯрии кормандони милитсия бо омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои марбут ба илму донишомӯзии ҷавонон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ ва ҳолатҳои шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ изҳори назар карда шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар ҷамъомад сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД, полковники милитсия Абдураҳим Раҳимзода тамоми паҳлӯҳои вобаста ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯёнро таҳлил кард. А. Раҳимзода иброз дошт, ки «дар зарфи 11 моҳи соли 2016 аз тарафи ноболиғон 647 ва аз ҷониби ҷавонон беш аз 5 ҳазору 350 ҳолати ҷиноӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин миён, мутаассифона, донишҷӯён низ дар содир намудани ҷиноят даст доранд. Аз тарафи онҳо 30 амали ҷиноӣ содир гардидааст».
Директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ Зулайхо Зокирова ба масъулини ВКД барои вохӯрии судманд изҳори сипос намуда, изҳор дошт, ки чунин ҷамъомадҳо барои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни донишҷӯён мусоидат мекунанд.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон