Дар Душанбе милисаи қалбакӣ дастгир шуд

Марди 27-солаи сокини пойтахт худро корманди милитсия муаррифӣ карда, аз шаҳрвандон маблағ мерӯёнидааст

 

Манбаъ аз — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон имрӯз гузориш дод, ки дар шаҳри Душанбе як шаҳрвандро ба гумони тамаъҷӯӣ дастгир кард.
Бино бар иттилои манбаъ, муттаҳам-марди 27-солаи сокини пойтахт, ки пештар низ ба додгоҳ кашида шуда будааст, худро корманди милитсия муаррифӣ намуда, бо роҳи тамаъҷӯӣ  аз занон маблағ меситонидааст.

 

Аз он ҷумла, санаи 5-уми сентябри соли 2017, дар назди хонаи истиқоматиаш зани 40-солаи сокини пойтахтро дастгир намуда, худашро корманди милитсия муаррифӣ намудааст. Баъдан, ӯ бо роҳи таҳдид, яъне барои паст назадани шаъну шарафи зани номбурда, ки гӯё ӯ манзили истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил додааст, бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ӯ 700-сомонӣ талаб карда гирифтааст.

 

Гумонбаршуда бо ҳамин роҳ аз зани 23-солаи сокини дигари пойтахт 800-сомонӣ талаб карда гирифтааст.

Ҳамин тариқ номбурда аз зани 29-солаи сокини шаҳри Душанбе низ 1000-сомонӣ талаб карда гирифтааст.

Айни замон номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон