Варзишгарони тоҷик дар Ашқобод 3 медали тиллоро ба гардан овехтанд

Се варзишгари тоҷик дар мусобиқаи Бозиҳои Осиё дар толорҳо ва ҳунарҳои размӣ, ки дар Ашқободи Туркманистон ҷараён дорад, соҳиби медали тилло шуданд. 

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 25 сентябр, дар рӯзи даҳуми 5-умин Бозиҳои Осиё варзишгарони тоҷик се нишони тилло ба даст овардаанд. Акмалиддин Каримов дар вазни -57 кг ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -74 кг дар риштаи самбо мақоми аввалро соҳиб шуда, нишони тиллои мусобиқаро ба гардан овехтанд: "Акмалиддин нахуст Раҳматҷон Ахмедови узбекистониро бо ҳисоби 9:0 шикаст дод. Сипас, варзишгари мизбон Карим Аллануровро бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард. Дар нимфинал бар варзишгари қирғиз Белек Бараканов ва дар финал бар варзишгари Муғулистон Марал-Ердана Чимедорҷ пирӯз шуд. Беҳрӯз аввал бар Ҷасим Ҳамид (Ироқ), сипас бар Роҳат Башимов (Туркманистон), баъдан Галимжан Абдрахманов (Қазоқистон) ва дар финал варзишгари дигари тоҷик Мубориз Мунавваровро мағлуб кард”. 

Миҷгона Самадова дар намуди кикбоксинг соҳиби медали тилло шуд. Ӯ дар вазни -60 кг, намуди “Kick Light” рақобатро аз чорякфинал оғоз кард. Нахуст бар варзишгари мизбон Майса Гупбикова, баъдан бар Зайнаб Ҷабборӣ (Эрон) ва дар финал бар варзишгари дигари мизбон Гулзада Ҷорақулиева дастболо шуд.

Варзишгарони тоҷик рӯзи гузашта ҳамчунин як медали нуқра ва 3 биринҷӣ гирифтанд. Медали нуқраро Мубориз Мунавваровдар вазни -74 кг (самбо) сазовор гашт. Фаридун Одилов дар самбои ҳарбӣ (-82 кг), Сиёвуш Ибрагимов (-69 кг) ва Далер Тураев (-79 кг) дар намуди кикбоксинг бо соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд. 

Тоҷикистон то имрӯз дар Бозиҳои Осиё соҳиби 3 медали тилло, 11 нуқра ва 31 биринҷӣ гаштааст.

 

Бознашр аз озодагон.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон