Хатсайри нави “Сомон-Эйр”: Кӯлоб-Маскав-Кӯлоб

Ширкати “Сомон Эйр” аз роҳандозии хатсайри ҳавоии Кӯлоб-Маскав-Кӯлоб хабар дод. 

Аз дафтари матбуоти ин ширкати ҳавонавардӣ ба “Озодагон” гуфтанд, аввалин парвозҳо дар ин масир 30 октябр шурӯъ хоҳанд шуд: “Парвозҳо аз Кӯлоб ба фурудгоҳи Внуковои Маскав ҳафтае 3 маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе анҷом мешавад. Вақти парвоз аз Кӯлоб соати 17:00 буда, тавассути ҳавопаймои “Боинг 737” амалӣ мегарданд”. 

“Сомон Эйр” ҳамчунин аз шаҳри Хуҷанд ба Маскав низ хатсайри доимӣ дорад, ки рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа амалӣ мешавад. 

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба самтҳои Олмон, Аморати муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Русия ва Қазоқистон парвозҳо анҷом медиҳад.

 

Бознашр аз Озодагон.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон