расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ДАРГУЗАШТИ БАРОДАРИ КАЛОНИИ ҲОҶӢ МИРЗО

. / Ҳаводис

ДАРГУЗАШТИ БАРОДАРИ КАЛОНИИ ҲОҶӢ МИРЗО

Саидмурод Ибронов, бародари калонии воизи шинохтаи тоҷик Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, рӯзи 1 октябр дар синни 56 дар Душанбе вафот кард. Наздикони рӯҳонии маъруф гуфтанд, ки Саидмурод Ибронов соати тақрибан 12:30 бар асари сактаи қалб вафот кардааст ва маросими намози ҷанозааш соати 16:30 дар масҷиди Сариосиё баргузор шудааст.
Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов яке аз маъруфтарин воизони тоҷик аст, ки бо мавъизаҳои пурбораш дар масоили фиқҳиву шаръӣ ном баровардааст. Ҳоҷӣ Мирзо то соли 2012 имомхатиби масҷиди ҷомеи "Ҳилоли Аҳмар” дар шаҳри Кӯлоб буд ва ин масҷид ба далели маҳорати имомаш дар он даврон ҳар намози ҷумъа то 5 ҳазор намозгузорро аз шаҳри Кӯлобу минтақаи Кӯлоб ва ҳатто аз гӯшаҳои дигари Тоҷикистону берун аз он гирд меовард. Вале баъди аз мақоми имоматии ин масҷид барканори шудани Ҳоҷӣ Мирзо масҷиди "Ҳилоли Аҳмар” дигар маъруфияти қаблиашро аз даст дод ва саффи намозгузоронаш низ асосан бо сокинони маҳаллаи атрофи он маҳдуд шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.