Ҳалокати ноболиғи 6-сола. Нон дар гулӯяш дармондааст

Давоми чор рӯзи ахир дар пайи ҳодисаҳои нохуш дар шимоли Тоҷикистон ду нафар ба ҳалокат расидааст. 

Манобеи “Озодагон” аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ба “Озодагон” гуфтанд, 4 сентябри соли равон, тақрибан соатҳои 17:30 дар ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии ҷамоати деҳоти Ҳамробоеви шаҳри Конибодом ҳангоми истеъмоли хуроки шом дар гулӯи як кӯдаки 6-сола пораи нон дармемонад: “Дар натиҷа кӯдак ба ҳалокат расидааст”.

Ду рӯз пештар аз ин, 2 сентябр дар шаҳри Истаравшан як сокини 18-солаи ҷамоати деҳоти Зарҳалол, ки ба ҳайси мардикор дар манзили зисти ҳамдеҳааш кор мекардааст, зери девор мемонад: “Ӯ дар бемористони шаҳри Истаравшан ба ҳалокат мерасад”.

Манбаъ аз Озодагон.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон