Нишасти изтирории Ҳавопаймои “Ютэйр” дар фурӯдгоҳи Кӯлоб

 Ҳавопаймои ширкати Utair

Ҳавопаймои ширкати русии “Ютэйр” шоми 30-уми июл баъди чанд дақиқаи баланд шудан аз фурӯдгоҳи Кӯлоб парвозро қатъ кард ва дар ҳамин фурӯдгоҳ нишасти изтирорӣ анҷом дод. Ҳавопаймо 80 мусофир дошт ва аз Кӯлоб ба самти Маскав парвоз мекард.


Масъулони фурудгоҳи Кӯлоб гуфтанд, ки ҳангоми парвоз дар дастгоҳи интиқоли маводи сӯхти ҳавопаймо нуқси техникӣ пайдо шуд ва бинобар ин ҳавопаймо аз идомаи парвоз худдорӣ кард.


-Мутахассиони ин ширкат омаданд ва ҳавопайморо таъмир мекунанд. Вақти парвоз дар расонидани бензин мушкил пайдо шуд,- гуфт як масъули фурӯдгоҳ ба Радиои Озодӣ.


Биноба маълумоти фурӯдгоҳ мусофирони ҳавопаймои ширкати “Ютэйр” нимаи рӯзи 31 август бо ҳавопамои дигар ба самти Маскав ҳаракат карданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон