расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Матлуба Раҳимова овозхони нобинои тоҷик издивоҷ кард

. / Ҷомеа

Матлуба Раҳимова овозхони нобинои тоҷик издивоҷ кард

Ӯ бо шавҳараш дар хонае, ки Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда буд, зиндагӣ мекунад

Сурат: Asia-Plus
Матлуба Раҳимова, овозхони ҷавони ансамбли давлатии “Фалак” дирӯз ба ҷавони дӯстоштааш, ки ба гуфтаи худ “тамоми умр интизор буд” издивоҷ кард. Дар ин бора Матлуба Раҳимова дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт.
Ба гуфтаи ин овозхони 33-сола, издивоҷ бо шавҳараш интихоби худи ӯ буд ва нафаре аз оилаи онҳо ба ин хонадоршавӣ дахолат накарданд. Матлуба аз ифшо намудани номи шавҳар ва ба чӣ кор машғул будани ҳамсафари зиндагияш иттилоъ надод. “Интихоби ман буд. Волидон чизе нагуфтанд ва сади роҳ нашуданд. Шавҳарамро дер боз мешинохтам. Тасмим гирифтем, ки рӯзи 28-09-2020 издивоҷ бикунем. Шавҳарам ҷавони оддӣ аст. Ҳарф задан дар мавриди ҳамсафари зиндагиям бигзор махфӣ бимонад. Ҳоло шахси муҳим дар зиндагим аст”, -  афзуд Матлуба.
Вале як манбаъи “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки ҳамсари Матлуба, барои хонаводаи онҳо ошно буда, ӯ низ модарзод нобино мебошад.
Ин ҳунарманди ҷавон инчунин илова кард, ки бо ҳамсараш дар манзиле, ки президент Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ дар пойтахт тақдим карда буд, зиндагӣ мекунанд.
 “Ман махсусан аз президенти кишвар - Эмомалӣ Раҳмон миннатдорам. Охир, маҳз бо ташаббуси ӯ маро ба пойтахт даъват карданд ва бо манзил таъмин карданд. Ҳоло бо шавҳарам дар ин хона зиндагӣ хоҳем кард. Инчунин аз оилаам барои ёрие, ки ҳамеша мерасонданд ва мерасонанд, хеле миннатдорам. Барои шахси хушбахт будан, шумо бояд оилаи хуб дошта бошед”.
Ба қавли  Матлуба Раҳимова,  ҳар фарде дар дил орзу дорад ва барои амалишавии онҳо талош низ мекунад. Ӯ мегӯяд имрӯз орзуи ҳамешагиаш амалӣ шуд ва умед дорад бо ҳамсафари ҳаёташ то охири умр бо ҳам хушбахту хушрӯз умр ба сар мебаранд.
Матлуба Раҳимова, соли 1987 дар ноҳияи Ёвон ба дунё омадааст. Ҳоло дар дастаи давлатии “Фалак”-и назди Кумитаи телевизион ва радио фаъолият мекунад.
Матлуба соли 2008-ум дар ҷашни “Фалак” иштирок намуда, маҳз дар ҳамин ҷашнвора ҳунари ӯро президент баҳои баланд дод ва дар пойтахти кишвар барояш манзил тақдим кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.