Шоми ҷавонӣ ва оташбозӣ: анҷоми Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар Суғд

 

Ҳафтаи фарҳангии ВМКБ дар вилояти Суғд бо барномаи муштаракаи фарҳангиёни Бадахшону Суғд ва оташбозӣ анҷом пазируфт


Боз нашр аз сомонаи Sputnik: Ба иттилоъи равобити умумии ҳукумати Суғд, шоми рӯзи ҷумъа, дар Маҷмааи таърихию фарҳангии "Истиқлол" барномае бузург бахшида ба "Соли ҷавонон" баргузор шуд.


Дар барномаи фарҳангии "Шоми ҷавонӣ", ҷавонони вилояти Суғд ва ширкаткунандагони Ҳафтаи фарҳанги вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд ҳузур доштанд.


Ҳунармандони Суғд ва ВМКБ ба тамошобинон барномаи ҷолиби консертӣ намоиш доданд.


Ба гузориши манбаъ, сарояндагон дар ин шом сурудҳоеро дар васфи сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату соҳибистиқлолии Ватан иҷро карданд.

Дар барномаи муштараки фарҳангӣ роҳбарияти вилоятҳои Суғду Бадахшон ҳам ширкат кардаанд.


Пас аз анҷоми барномаи муштараки фарҳангӣ мушакпарронии идона баргузор гардида, Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд ба анҷом расид.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон