Рустам Эмомалӣ пеш аз оғози соли таҳсил донишомӯзонро дастгирӣ мекунад

 

Манба аз сомонаи Sputnik: Дар Душанбе натиҷаҳои озмунҳои "Мактаби сол", "Директори сол", "Муаллими сол", "Кӯдакистони сол", "Мудири кӯдакистони сол", "Мураббии сол", "Синфи беҳтарини сол", "Волидайни беҳтарини сол" сол муайян гардид. Ғолибонро мукофотпулӣ интизор аст.


Дар Душанбе натиҷаҳои озмунҳои "Мактаби сол", "Директори сол", "Муаллими сол", "Кӯдакистони сол", "Мудири кӯдакистони сол", "Мураббии сол", "Синфи беҳтарини сол", "Волидайни беҳтарини сол" сол муайян гардид. Дар ин бора хадамоти матбуоти Ҳукумати шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки қарори ҷамъбасти озмун ва мукофотпулиҳо аз ҷониби раиси шаҳр Руситам Эмомалӣ ба тавсиб расидааст.


Чуночӣ, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ӯҳдадор шудааст, ки дар буҷети соҳаи маориф пешбинишуда 46700 (чилу шаш ҳазору ҳафсад) сомонӣ ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳо ҷудо намояд.

Гуфта мешавад, мукофотҳои Ҳукумати шаҳрро муовини шаҳрдори Душанбе ба ғолибон дар фазои тантанавӣ месупорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон