расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Президент: “Нигоҳдории ҷараёни мусбии муносибатҳо муҳим аст”

Асосӣ / Сиёсат

Президент: “Нигоҳдории ҷараёни мусбии муносибатҳо муҳим аст”

Президенти Тоҷикистон бо сарвазири Ӯзбекистон дидору гуфтушунид кард.

Эмомалӣ РАҳмон ва Абдулло Орипов
Сурат: хадамоти матбуоти президенти ҶТ
Зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов рӯзи 29 сентябр дар Душанбе ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва роҳҳои тавсеаи онҳо баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бешубҳа, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории ҷонибҳо мусоидат хоҳанд кард.

Президенти Тоҷикистон хусусияти афзалиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро қайд карда, аз ҷумла вохӯриҳову чорабиниҳои муштараки ҷонибҳоро, ки вақтҳои охир дар асоси тавофуқоти роҳбарони ду кишвар баргузор шуданл, таъкид дошт, аз ҷумла:
- Ҳайати намояндагии Олий Маҷлиси Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе бо намояндагони парлумони Тоҷикистон мулоқот кард;
- Конфронси муштараки илмию амалӣ ва дар Душанбе мулоқоти намояндагони зиёиёни эҷодкори ду кишвар баргузор гардид;
- Ҳайати Ӯзбекистони дӯст дар таҷлили 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм ширкат варзид;
- Муассисаи таълимии умумӣ дар минтақаи Спитамени Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ӯзбекистон сохта шудааст, ба истифода дода шуд;
- Бо иштироки сарвазирони кишварҳо корхонаи муштараки Тоҷикистону Узбекистон “Artel Avesto Electronics” ифтитоҳ ёфт.
“Ин ва дигар рӯйдодҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки кишварҳои мо, сарфи назар аз ҳама мушкилоти объективии замон, тавонистанд ҷараёни мусбии муносибатҳояшонро нигоҳ доранд”, - таъкид шуд зимни мулоқот.
Сурат: хадамоти матбуоти президенти ҶТ
Зимни муҳокимаи масъалаҳои мубрами густариши ҳамкорӣ дар шароити пандемияи бемории сироятии коронавирус, Пешвои миллат аз фурсат истифода бурда, бори дигар ба дӯстони ӯзбек барои кумаки башардӯстона, ки дар рӯзҳои барои ҳама вазнин ба Тоҷикистон расониданд, изҳори сипос намуд.
Гуфта мешавад, бо дарназардошти таҳдиди ҷаҳонии паҳншавии COVID-19, ҷонибҳо андешидани чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирии таъсири манфии бӯҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҷараёни муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар зарур донистанд.
Дар ин росто, ҷонибҳо инчунин дар бораи аҳамияти минбаъд низ гуногуннавъ гардонидани сохтори тиҷорат ва рафъи монеаҳои техникӣ дар соҳаи тиҷорат, идомаи корҳо оид ба ифтитоҳи хонаҳои тиҷоратӣ, намояндагиҳо ва филиалҳои ширкатҳои тарафҳо дар қаламрави якдигар, пурратар истифода бурдани иқтидори назарраси ҳамкориҳои сармоягузории ду кишвар сӯҳбат карданд.
Соҳаҳои гидроэнергетика ва сохтмони инфрасохтори нави роҳҳо ҳамчун самтҳои дигари умедбахши ҳамкорӣ муайян карда шуданд.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.