“Қазияи доиранавозҳо”. Раиси ноҳияи Хуросон танбеҳ гирифт, раиси бахши занҳо ба кораш барқарор шуд

  
Манба аз озодагон: Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо содир кардани як амр раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлонро танбеҳ додааст. 

Дар амри Президент, ки таҳти №АП-932 имрӯз, 24 август имзо шудааст, далели танбеҳи Сафарзода Раҳматулло Хайрулло “бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиаш” гуфта мешавад. 

Баъд аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон бархе расонаҳои хабарӣ навиштанд, ки дар пайи хатои гуруҳи доиранавозони “Очаҷонҳо” дар ҳузури раисҷумҳур Зиёда Саломова, раиси Идораи кор бо занони ноҳия барканор шудааст. Ин гуруҳ ҳангоми ҳунарнамоӣ аз “ритм” берун рафт. 

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагӣ ва мулоқоти ошкоро бо сокинони шаҳру навоҳии мамлакат сурат мегирад, на барои баҳодиҳии сатҳи маросимҳои истиқбол. Манбаъ меафзояд, "дар натиҷаи гузаронидани тафтиши хизматӣ муайян карда шуд, ки зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон ягон эрод ё изҳори норозигӣ нисбати фаъолияти гурӯҳи зикргардида нашуда буд. Раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода дар баробари дигар камбудиҳо Саломова Зиёда Алматовнаро дар таърихи рӯзи 11.08.2017 аз вазифа сабукдӯш намудааст”. 

Ба иттилои манбаъ, Зиёда Саломова ба вазифаи пешинааш барқарор гардидааст. Ӯ давоми 9 соли охир курсии раҳбари Идораи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Хуросонро дар ихтиёр дошт.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон