КӢ ҲАҚҚИ ҚУРБОНӢ КАРДАН ДОРАД ВА КӢ НАДОРАД? (ВИДЕО)

Раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон мегӯяд, ба забҳи чорво дар иди Қурбон танҳо онҳое ҳақ доранд, ки сарваташон ба ҳадди нисоби шаръӣ, ки барои имсол дар ҳадди 23 ҳазору 850 сомонӣ муқаррар шудааст, расида бошад. Файзулло Баротзода исроф дар оростани дастурхони идонаро низ "бидъат” ва аломати бефарҳангӣ номид.

Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон дар як мусоҳиба бо телевизиони давлатӣ гуфт, забҳи чорво дар иди Қурбон барои он мусалмононе воҷиб аст, ки ҷавобгӯи се шарт бошанд:

1.Мусалмони озод бошад

2.Муқим бошад, яъне хонаву дари худро дошта бошад

3.Сарватманд бошад.

Файзулло Баротзода гуфт, ҷавобгӯи шарти сеюм фақат онҳоеянд, ки дороияшон ба сатҳи нисоби шаръӣ баробар бошад: "Тибқи қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон (муфтиёти собиқ) ҳадди нисоб 22 ҳазору 850 сомонӣ муайян гардидааст.”

Файзулло Баротзода гуфт, бар илова, онҳое ки ҷавобгӯи ин се шартанд ва дар иди Қурбон чорво мекушанд, бояд тибқи таълимоти ҳавзаи мовароуннаҳрии мазҳаби ҳанафӣ, баъди додани ҳаққи қассоб боқимондаи гӯшти чорвои забҳшударо се тақсими баробар кунад: "Қисмати якумро барои захираи эҳтиёҷоти худи хонавода мегузорад. Қисмати дуюмро хӯрок пухта, ба дарвеши бенаво ва тангдаст медиҳад. Ва қисмати сеюмашро ба ҳамсоягони чапу рости худ баробар тақсим мекунад.”

Раиси Маркази исломшиносӣ гуфт, тибқи урфу таомули мазҳаби ҳанафӣ, афроде, ки сарваташон ба ҳадди нисоб расидааст, ҳамчунин метавонанд чорвои дар иди Қурбон забҳкардаи худро ббайни эҳтиёҷмандон ба сифати назр тақсим кунанд: "Мо бояд аз рӯи ин таомул рафтор кунем ва ба зиёдаравӣ дар ин масъала роҳ надиҳем.”

Файзулло Баротзода дар ин мусоҳиба ҳамчунин ба исроф роҳ додани мардуми тоҷик дар оростани дастурхони идона дар идҳои Рамазон ва Қурбонро "бидъат” ва "аломати бефарҳангӣ ва беадабӣ” номид ва гуфт, ҳатто сайёҳони хориҷие, ки аз Тоҷикистон боздид мекунанд, чунин талоши мардуми мо барои оростани дастурхонро дида ба ҳоли мо писханд мезананд, ки аҷаб мардуми чашмгурусна ва нодидае ҳастем. Ӯ гуфт, дар аҳодиси набавӣ низ зикр шудааст, ки ягон мусалмон ҳаққи аз луқмаи даҳони хонаводаи худ задан танҳо барои худнамоӣ ва оростани дастурхони пурдабдаба ҳатто барои меҳмонони олиқадрро надорад.


Масъалаи танзими дастурхонаи идонаи мардум дар ин авохир ба як мавзӯи асосии суханрониҳои мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла раисиҷумҳураш Эмомалӣ Раҳмон шудааст. Эмомалӣ Раҳмон ахиран зимни боздидаш аз водии Вахш дар ин робита гуфт:"Қурбонӣ кардан ба ҳама, хусусан, ба онҳое, ки имконияти моддии зиёд надоранд, серфарзанд ҳастанд ва масъулияти сарпарастии чандин касро ба зимма доранд, шарт нест.Баръакс, шахсони дорову тавонгар, яъне онҳое, ки имконияти молиявии кофӣ доранд, бояд садақаи қурбонии худро маҳз ба чунин оилаҳо, ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатҳо диҳанд.Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки ҳангоми омодагӣ ба ид ва оростани дастархони идона ба зиёдаравию зоҳирпарастӣ ва хароҷоти беҳуда роҳ набояд дод ва дар хотир бояд дошт, ки идро ба тӯй ё зиёфат табдил додан хоси мардуми қадимаву фарҳангии мо нест.

Дар арафаи иди Рамазон низ Шӯрои уламои Тоҷикистон ба мардум тавсия дода буд, ки дастурхони худро бо назардошти фасли гармо ба таври хоксорона ва асосан бо меваҷот оро дода, аз исрофи беҳуда, бахусус харидани мағзу дона ва шириниҳои қиматбаҳо худдорӣ кунанд.

Қарор аст, рӯзи 23 август парлумони Тоҷикистон маҷмӯаи иловаҳо ба қонуни танзими расму ойинро баррасӣ кунад. Гуфта мешавад, ин иловаҳо аз ҷумла тарзи оростани дастурхон дар идҳои Рамазону Қурбонро низ дар бар мегиранд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон