расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАБСИ АШӮРОВ – ТОҶИКИ 16-УМИ МУТТАҲАМ ДАР ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТИИ “КРОКУС”

Асосӣ / Муҳоҷир

ҲАБСИ АШӮРОВ – ТОҶИКИ 16-УМИ МУТТАҲАМ ДАР ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТИИ “КРОКУС”

ҲАБСИ АШӮРОВ – ТОҶИКИ 16-УМИ МУТТАҲАМ ДАР ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТИИ “КРОКУС”
Рӯзи 16 апрели соли 2024  додгоҳи ноҳияи Маскави шаҳри Твери Русия бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи террористӣ дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав Ашӯров ном зодаи Тоҷикистонро ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ашӯров, ки хадамоти матбуоти додгоҳ исми аввали ӯро нашр накардааст, инак 16-умин зодаи Тоҷикистон аст, ки дар чорчӯби ин парвандаи пурсарусадо ба ҳабс гирифта шуд.
Бино ба иттилои тафтишот, Ашӯров, ки шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро дорад, дар манзилаш  бародарон Аминҷон ва Диловар Исломовҳоро дар хонааш ба таври қалбакӣ сабти ном кардааст. Исломовҳо барои ҳамдастӣ ба омилони ҳамлаи “Крокус” бар асоси моддаи 205 Кодекси ҷиноятии Русия ба амали террористӣ айбдор мешаванд.
Ба зидди худи Ашӯров бо моддаи сабуктари 322.2 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми сабти ном қалбакӣ парванда кушодаанд. Худи Ашӯров ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале хадамоти матбуоти додгоҳи ноҳияи Маскав гуфт, ки ӯ дар ҷараёни мурофиа гуноҳро ба гардан гирифт ва тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат дар хонааш Исломовҳоро сабти ном карда буд. Тафтишот мегӯяд, ҳамлагарон рӯзи 22 март бо мошини тамғаи “Рено Симбол”, ки ба номи Диловар Исломов буд, ба “Крокус” омада, баъди анҷоми ҳамла бо ҳамин мошин фирор карданд.
Исломовҳо, ки якеаш домоди Фаридуни Шамсиддин, раҳбари эҳтимолии ҳамлагарони “Крокус” буд, ба ин хешованди худ фурӯхтани мошинро рад намекунанд, вале мегӯянд, дар бораи қасди ҳамла доштани ӯ хабар надоштанд. 
 Бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла то имрӯз дастикам 18 нафар дастгир шудаанд, ки 16 нафараш, аз ҷумла ҳамаи 4 муттаҳами асосӣ, мутаассифона, аз Тоҷикистонанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.