расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ПУЛИС ДАР КРАСНОЯРСК АЗ МУҲОҶИРОНИ ДАСТГИРШУДА ХОСТ, БО АРТИШИ РУСИЯ ҚАРОРДОД БАНДАНД

Асосӣ / Муҳоҷир

ПУЛИС ДАР КРАСНОЯРСК АЗ МУҲОҶИРОНИ ДАСТГИРШУДА ХОСТ, БО АРТИШИ РУСИЯ ҚАРОРДОД БАНДАНД

ПУЛИС ДАР КРАСНОЯРСК АЗ МУҲОҶИРОНИ ДАСТГИРШУДА ХОСТ, БО АРТИШИ РУСИЯ ҚАРОРДОД БАНДАНД
Телеграм-канали русии “Осторожно, новости” хабар дод, ки дар шаҳри Красноярск кормандони пулис ба муҳоҷирони дар ҷараёни рейд барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират дастгиршуда пешниҳод каодааст, ки бо вазорати мудофиаи Русия қарордод баста, соҳиби шаҳрвандии Русия шаванд. 4 нафареро, ки ин пешниҳодро напазируфтанд, аз Русия ихроҷ кардаанд.
Бино ба иттилои пулиси Красноярск, рӯзи 8 апрели соли 2024 кормандони пулис дар як корхонаи маҳаллӣ, корхонаи коркарди чӯбу тахта ва анбори меваю сабзавот рейд гузаронда, ҳуҷҷати 32 муҳоҷирро тафтиш карданд ва 13 нафарро барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дастгир карда, ба шуъбаи пулиси бурданд.
Дар видеои нашркардаи раёсати корҳои дохилии Красноярск дида мешавад, ки як корманди пулис ба муҳоҷирони дастгиршуда муроҷиат карда, ба онҳо бастани қарордод бо вазорати мудофиаи Русияро пешниҳод мекунад.
“Бар асоси қонунгузории Русия, ҳар кадом шумо метавонад бо бастани қарордод бо вазорати мудофиа ва адои хидмати ҳарбӣ метавонад шаҳрванди Русия шавад”, - мегӯяд ин корманди пулис ба муҳоҷироне, ки дар рӯбарӯяш қатор карда шудаанд.
Маълум нест, ки оё ягон нафар аз муҳоҷирони дастгиршуда аз чунин роҳу имкони ба даст овардани шаҳрвандии Русия истифода бурд ва бо артиши ин кишвар қарордод баст ё на?, вале дар хабари пулис гуфта мешавад, ки 4 тан аз муҳоҷирони дастгиршударо аз қаламрави Русия ихроҷ мекунанд ва якеи дигарро 3 ҳазор рубл ҷарима бастаанд. Ба эҳтимоли ғолиб, инҳо муҳоҷироне мебошанд, ки аз рафтан ба артиши Русия даст кашидаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.