расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИТАЛИЯ БО ИТТИҲОМИ ҲАМКОРӢ БО ДОИШ

Асосӣ / Ҷомеа

БОЗДОШТИ ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИТАЛИЯ БО ИТТИҲОМИ ҲАМКОРӢ БО ДОИШ

БОЗДОШТИ ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИТАЛИЯ БО ИТТИҲОМИ ҲАМКОРӢ БО ДОИШ
Субҳи душанбе, 8 апрели соли 2024 дар фурудгоҳи “Фюмичино” дар шаҳри Рим, пойтахти Италия як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо иттиҳоми узвият дар созмони террористии ДОИШ таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт, дастгир кардаанд. Дар ин бора хабаргузории ANSA бо такя ба пулиси Италия хабар дод. Вазири корҳои дохилии Италия Маттео Пиантедози боздошти шаҳрванди Тоҷикистонро “натиҷаи хеле муҳими кори мӯшикофонаи пулис” номид.
Гуфта мешавад, ин марди соли таваллудаш 1992 замоне дастгир шуд, ки бо ҳавопаймо аз шаҳри Эйндҳовени Ҳолланд ба Рим меомад. Ҳангоми тафтиши аснодаш маълум шудааст, ки ӯ ҳанӯз соли 2014 ба ДОИШ пайваста, ба Сурия рафтааст ва ба ин далел, ба зидди ӯ дар Тоҷикистон парванда кушода, таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарораш додаанд.
Исми марди дастгиршуда нашр нашудааст. Пулиси Италия танҳо ду ҳарфи аввали ному насаби ӯро ошкор кард, ки С.И. будааст. Пулис гуфт, ки С.И. бо мақсади пинҳонкорӣ ва фирор аз боздошт аз номҳои гуногун ва аз шиносномаҳои қалбакӣ истифода мебурд ва худро гоҳ аз Ӯзбекистону гоҳ аз Қирғизистон ва гоҳо аз Украина муаррифӣ мекард.
Дар вақтҳои охир ин ягона ҳолати бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ дар кишварҳои Аврупо ба даст афтодани зодагони Тоҷикистон нест.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.