расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Имрӯз Моҳ пеши Офтобро хоҳад гирифт

Асосӣ / Ҷаҳон

Имрӯз Моҳ пеши Офтобро хоҳад гирифт

Имрӯз, 8-уми апрел, ҳодисаи табиии гирифти Офтоб рух медиҳад, вале мардуми Тоҷикистон ин воқеаи астрономиро мушоҳида карда наметавонанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Гирифти Офтоб соати 21:38 ба вақти Душанбе рух медиҳад ва чун ин ҳангом дар Тоҷикистон Офтоб аллакай нишастааст, мушоҳидаи гирифти он ғайриимкон мегардад, шарҳ доданд дар Институти астрофизика.
“Агар пештар ин падида 2-2,5 дақиқа идома меёфт, ин гирифт 4,5 дақиқа тӯл мекашад. Сабаби чунин давомнокӣ дар он аст, ки ин вақт Моҳ нисбат ба Замин дар нуқтаи наздиктарин қарор мегирад ва андозаи кунҷии он нисбат ба андозаи кунҷии Офтоб зиёдтар мешавад, аз ин рӯ гирифти Офтоб низ бештар идома меёбад” - илова карданд дар Институт.
Даври пурраи гирифти Офтоб бошад, зиёда аз 5 соат давом меёбад.
Ин ҳодиса дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия низ мушоҳида намешавад.
Гирифти пурраи Офтобро дар Мексика, ИМА ва Канада дидан мумкин аст. Гирифти нопурраи онро бошад, сокинони кишварҳои Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ ва Аврупои Ғарбӣ метавонанд бинанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.