расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Боздошти боз се зодаи Осиёи Марказӣ дар робита ба ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл”

Асосӣ / Ҳаводис

Боздошти боз се зодаи Осиёи Марказӣ дар робита ба ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл”

Маъмурони ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия се зодаи Осиёи Марказиро ба гумони кумак ба ҳамлаварони "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав дастгир кардаанд.
Хабаргузории русии "ТАСС" рӯзи 4-уми апрел дар ин бора хабар дод, аммо ҳувияти онҳо ва ҷузъиёти қазияро ошкор накард.
Манбаъ аз қавли масъулони ФСБ навиштааст, ки ин се нафар ба ҳамлаварон силоҳу мошин харида додаанд. Тасдиқи он аз манобеи мустақил имконпазир нест.
Гумонбарон дар шаҳрҳои Маскаву Екатеринбург ва Омск боздошт шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав шоми рӯзи 22-юми март рух дод. Чор нафари мусаллаҳ вориди ин бино шуда, ба сӯйи одамон тир холӣ карданд. Мақомоти Русия гуфтанд, дар пайи ин ҳамла то ин лаҳза 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 осеб дидаанд.
Дар робита ба ин ҳодиса дар умум, дар оғоз ба иттилои мақомоти Русия, 11 нафар боздошт шуд. Аз ҷумла, чор нафар - Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов ба он гумонбаранд, ки бевосита дар “Крокус Сити Ҳолл” тирпарронӣ карданд. Ҳар чор нафари онҳо 24-уми март бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Басманний барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.
Ҳамин додгоҳ рӯзи 25-уми март се нафари дигар - Аминҷон Исломов, Диловар Исломов ва Исроил Исломов ҳам дар пайванд ба ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” ба ҳабси пешакӣ гирифт. Онҳо барои дастрас кардани мошин ва пешниҳоди ҷойи зист ба гумонбарони ҳамла муттаҳам мешавад. Баъдтар, падару писар - Аминҷон ва Исроил Исломовҳо аз ҳукми додгоҳ шикоят карданд, вале посухи рад гирифтанд.
Нафари ҳаштум Қосимов Алишер Ҳотамович, сокини 32-солаи Қирғизистон, 26-уми март аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Басманний то охири моҳи май ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ ба он муттаҳам шуд, ки ба Фаридуни Шамсиддин манзилеро ба иҷора додааст.
Дар бораи нафари нӯҳуми ба ҳабс гирифта Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки ӯ ҳамларо маблағгузорӣ кардааст. Аммо шахсияту табаияти ӯро ошкор накард.
Нафари даҳум Ёқубҷон Юсуфзода, зодаи Тоҷикистон аст, ки 1-уми апрел бо гумони таъмини маблағгузории ҷиноят боздошт шуд. Он замон муфаттишон гуфтаанд, як қисми пул “баъд аз содир шудани ҷиноят ба ҳисоби яке аз ҳамлаварон гузаронда шуд”. Тасдиқи он аз манобеи дигар имконпазир нест.
Нафари ёздаҳум маълум нест.
Бояд гуфт, ҳамаи онҳо дар як шароити мармуз боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд.
Ҳарчанд гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале баъзе аз мансабдорони Русия ангушти иттиҳомро ба тарафи Украина дароз карданд. Киев даст доштанашро дар ҳодиса инкор кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.