Боз иҷораву боз фоҳишахона


Бино ба маълумоти ВКД 31-уми июли соли 2017, бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини кӯчаи С.Шерозии пойтахт, бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Номбурда, 30-юми июли соли равон, хонаи ба иҷорагирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 29-сола ва зани 32-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 180-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Тафтишот муайян намуд, ки ӯ рӯзи 29-уми июли соли равон, тахминан соати 19:30-дақиқа, хонаи ба иҷорагирифтаашроба ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Ҳисор ва ҷавонзани 23-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, барои алоқаи ҷинсӣ намудан супорида, аз онҳо 170-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамчунин номбурда, худи ҳамон рӯз тахминан соати 18:30-дақиқа, хонаи ба иҷорагирифтаашро ба дигар шаҳрвандон: марди 31-сола ва ҷавондухтари 20-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан супорида, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Нисбат ба ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон