расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » 47 ҳазор сомонӣ пора гирифт. Як корманди ноҳияи Сино барои қаллобӣ боздошт шуд

. / Сиёсат

47 ҳазор сомонӣ пора гирифт. Як корманди ноҳияи Сино барои қаллобӣ боздошт шуд

Мудири бахши омори ноҳияи Синои Сарраёсати Агенти омор дар шаҳри Душанбе бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт гардид ва бар зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.
Ба иттилои Агентии зиддифасод, Ҳукуматзода А.Х. қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии сокини шаҳри Душанбе Давлатов Ҷ.С. даромада, аз номубурда барои аз мақомоти дахлдори давлатӣ гирифтани иҷозатномаи сохтмони манзили истиқоматӣ 47 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.
Ба иттилои манбаъ, номбурда дидаву дониста аз он ки ваколати додани иҷозатнома барои сохтмонӣ манзили истиқоматиро надорад, аз ҷабрдида ин маблағро талаб намуда, ба манфиати охирон ягон амали муайянро иҷро накарда, онро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст.
Ҳоло нисбати Ҳукуматзода А.Х. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулкии ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.