расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МАРГИ ФОҶИАВИИ РАҲБАРИ ШИФОХОНАИ ШАҲРИ БОХТАР ФАРҲОД ИСОЗОДА

Асосӣ / Ҷомеа

МАРГИ ФОҶИАВИИ РАҲБАРИ ШИФОХОНАИ ШАҲРИ БОХТАР ФАРҲОД ИСОЗОДА

МАРГИ ФОҶИАВИИ РАҲБАРИ ШИФОХОНАИ ШАҲРИ БОХТАР ФАРҲОД ИСОЗОДА
Фарҳод Исозода, раҳбари муассисаи “Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ” (КАТС)-и шаҳри Бохтар дар як садама дар роҳи Бохтар – Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Хуросон ба ҳалокат расидааст.
Дар ин бора рӯзи 31 марти соли 2024 Aбдурозиқ Азиззода дар Фейсбук хабар дод. Ӯ навишт: “Асло намехостам чунин посте гузорам. Аммо,чӣ илоҷ, чӣ чора, ку чорагаре, чӣ мусибати сангине, чӣ пайки нохуше, чӣ тасодуфи ғайричашмдоште, аҷабу афсӯсу вою вовайло, Фарҳоди ҷон! 
Оре, Фарҳод Исозода, роҳбари муассисаи КАТС- и шаҳри Бохтар, фарзанди раиси номдор Чиллахон Исоев, бародари арҷманди Баҳодур Исозодаи муовини якуми раиси суди як ноҳияи пойтахт, дӯсту бародари қадрдони мо, эҳтиромдори кулли Хатлону Бохтари бостон, ҳангоми аз Бохтар ба Душанбе омадан, дар масири Хуросон- Душанбе садама карданду ҳалок шудаанд. 
Pавонат осудаву макони сафари охиратат обод бошад,Фарҳодҷони азиз!”
Mаросими намози ҷаноза рӯзи 1 апрел дар ноҳияи Фархор баргузор мешавад.
Муассисаҳои “Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ” (КАТС) дар сохтори вазорати тандурустӣ ин ҳамон поликлиникаҳои собиқанд. 
Фарҳод Исозода солҳои зиёде раҳбарии КАТС-и шаҳри Бохтарро дар даст дошт ва ин муассиса соли 2021 таҳти раҳбарии ӯ беҳтарин муасссисаи тиббии вилояти Хатлон дониста шуда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.