Хонаи иҷора — фоҳишахона


Чуноне ВКД мегӯяд, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини пойтахт, ҳамчун гумонбар дар ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Номбурда рӯзи 27-уми июли соли равон, хонаи ба иҷорагирифтааш, воқеъ дар шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 31 ва зани 35-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки ӯ худи ҳамон рӯз, тахминан соати 16:30-дақиқа, хонаи ба иҷорагирифтаашро ба дигар шаҳрвандон: марди 27-солаи сокини пойтахт ва зани 22-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, барои алоқаи ҷинсӣ намудан супорида, аз онҳо 120-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаааст.
Айни замон дар ин самт корҳои тафтишотӣ идома дорад.


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон