расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Боздошти ноболиғон: чораҷӯӣ ва баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ

Асосӣ / Ҷомеа

Боздошти ноболиғон: чораҷӯӣ ва баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ

Боздошти ноболиғон: чораҷӯӣ ва баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ 
Дар асоси навори муноқишаи як гурӯҳ наврасон, ки дар шабакаҳои интернетӣ нашр гардид, аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-санҷишӣ гузаронида шуда, дар натиҷа 8-нафар ноболиғон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд. 
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ҳодисаи мазкур санаи 21-уми феврали соли ҷорӣ, дар кӯчаи Н.Ганҷавии ноҳияи Сино рух додааст. 
Аз сабаби хусумат ва нофаҳмиҳои қаблан вуҷуд дошта, байни ноболиғ Ҳамидов И., хонандаи мактаби махсуси ба номи З.Шаҳидӣ ва ноболиғ Зоиров И., хонандаи МТМУ №67 н.Сино, аз ду ҷониб ноболиғон ҷамъ омада, ҳамдигарро мавриди латукӯб қарор додаанд. Ҳамзамон бо мақсади худнамоишдиҳӣ ҳолати муноқишаи худро ба навор гирифта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардаанд.
Воқеан, чунин амали наврасон дар баробари хилофи қонунгузорӣ будан, ҳамзамон боиси нигаронӣ ва ташвиш аст. Вобаста ба ин, бо мақсади ҷалби наврасон ба тарзи ҳаёти солим, тарғиби дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва андухтани илму дониш, аз ҷониби кормандони милитсия бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.    
Ҳамзамон, нисбати волидайни номбурдагон барои бемасъулиятӣ зоҳир намудан дар таълиму тарбияи фарзанд, тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пртоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. 
Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.