расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » НАҶОТИ ҶОНИ ҶАВОНЕ, КИ ХУДРО ШАБОНА АЗ ПУЛ БА ДАРЁИ ДУШАНБЕ ПАРТОФТ (АКС)

Асосӣ / Ҷомеа

НАҶОТИ ҶОНИ ҶАВОНЕ, КИ ХУДРО ШАБОНА АЗ ПУЛ БА ДАРЁИ ДУШАНБЕ ПАРТОФТ (АКС)

НАҶОТИ ҶОНИ ҶАВОНЕ, КИ ХУДРО ШАБОНА АЗ ПУЛ БА ДАРЁИ ДУШАНБЕ ПАРТОФТ (АКС)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 17 марти соли2024, соати 21:19 ба вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории ин кумита занги изтиробоваре расид, ки як мард аз рӯи пули воқеъ дар касаба ё микрорайони 46-уми пойтахт худро ба дарёи Душанбе партофтааст.
Гуруҳи наҷотбахшони воҳиди зудамали раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе билофосила ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуд.
Ҳарорати об ҳангоми роҳандоҳии чорабиниҳои наҷотдиҳӣ ҳамагӣ 10-12 дараҷа гарм буд. Наҷотбахшон бо истифода аз банд худро то назди марди ба дарё афтода расонданд ва ба тани ӯ ҷавшани наҷотдиҳӣ пӯшонда, бо банд миёнашро бастанд ва аз об берунаш оварданд.
Маълум шуд, ки ин ҷавон 20 сол дошта, аз деҳаи Баракати ҷамоати ба номи Мирзо Турсунзода дар канори шаҳри Ҳисор будааст. Ба ҷавон ёрии аввали тиббӣ расонда, сипас ӯро ба беморхона интиқол додаанд.
Сабаби ба дарё афтодани ин ҷавон маълум нест, ки оё ӯ тасодуфан ба об афтодааст ваё дидаю дониста? Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ба ҷои ҳодиса намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ даъват карда шуданд ва ҷузъиёти ҳодиса таҳқиқ хоҳад шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.