расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Баъди Путин боз Путин президент шавад, чӣ хоҳад шуд?

. / Ҷаҳон

Баъди Путин боз Путин президент шавад, чӣ хоҳад шуд?

Имрӯз, 15-уми март дар Русия интихобот и президентӣ оғоз шуд ва то 17-уми март идома меёбад. Барои курсии президентӣ ғайр аз Владимир Путин, раиси ҷумҳури кунунӣ, ҳамчунин Владислав Даванков, аз ҳизби Одамони нав, Леонид Слутский, аз ҳизби либерал-демократи Русия, ки қаблан Владимир Жириновский роҳбарӣ мекард ва Николай Харитонов, аз ҳизби коммунисти Русия номзад шуданд.
Борис Надеждин, ягона нафаре, ки ошкор муқобили амалиёти низомии Русия дар Украина сухан мекард, ба интихобот роҳ наёфт. Комиссияи марказии интихоботи Русия қисме аз имзоҳои ба тарафдории худ ҷамъкарда ба ба ин ниҳод пешниҳодкардаи Борис Надеждинро ба эътибор нагирифт ва ҳамин тавр, ӯ натавонист имзои лозимаро пешниҳод кунад.
Ҳамин тавр, маъракаи пешазинтихоботӣ дар Русия бидуни рақобати воқеӣ ва шӯру шиддат баргузор шуд. Ҳеҷ яке аз номзадҳои кунунӣ ошкоро аз сиёсати раиси ҷумҳури кунунӣ интиқод накард.
Аксари коршиносон таъкид мекунанд, ки шонси Владимир Путин барои баранда шудан бештар аз ҳар каси дигар аст. Бо назардошти ин, “Азия-Плюс” аз коршиносон пурсид: “Дар сурати пирӯзии такрории Владимир Путин дар интихоботи президенӣ муносибати Русия бо Тоҷикистон то куҷо тағйир меёбад?

Фишор ба муҳоҷирон меафзояд

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос:
- Муносибат байни кишварҳо дар ҳамин сатҳ, шакл ва ҳаҷм боқӣ мемонад ва ягон дигаргунии назаррасро набояд интизор шуд.

Акси марбута
Аз ҷониби дигар, маълум мегардад, ки Маскав ба кишварҳои пасошӯравӣ фишорро зиёд мекунад, то ки онҳо муносибатҳои худро бо давлатҳои ғарбӣ коҳиш диҳанд. Пас аз интихоботи моҳи март ин фишорҳо шояд чанд баробар зиёд шавад.
Дар мавриди муҳоҷирони корӣ масъала бештар печида менамояд. Ба эҳтимоли зиёд, сохторҳои қудратии Русия фишорро болои муҳоҷирони корӣ, ба вижа онҳое, ки шиносномаи Русия доранд, ҷиҳати сафарбар кардан ба ҷанги Украина, зиёд мекунанд. Ва ҳадаф аз ин фишор ба давлатҳо хоҳад буд. Аз тарафи дигар, вазъи иқтисодии муҳоҷирон давоми соли равон душвортар мешавад. Пеш аз ҳама, бар асари буҳрони иқтисодӣ ва поён шудани қурби рубл, ки ногузир аст.

Равобит қавитар мешавад

Сайфулло Сафаров, собиқ муовини аввали Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон:
- Мо бо Русия на танҳо шарики стратегӣ, инчунин, иттифоқчӣ ҳастем. Дар муносибати ду президент мебинем, ки самимияти онҳо хеле зиёд аст. Ба қавле, нози якдигарро мебардоранд. Ва баъди интихоби дубораи Владимир Путин ба ҳайси президенти Русия муносибати ду кишвар боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз муносибатҳои давлатӣ фарқ мекунанд. Он ба фаъолияти ғайриқонунии баъзе муҳоҷирон вобаста аст. Ҳамчунин, баъзе масъулини Русия, ки бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мубориза мебаранд, “ба ҷойи салла, калла меоранд”. Яъне бо шахсони бегуноҳ ҳам муносибати ғайриқонунӣ мекунанд.
Ҳукумати Тоҷикистон, сафорати мо дар Русия ва консулгариву намояндагиҳо якҷо бо дигар сохторҳо бояд пеши роҳи бархӯрди  ғайриқонунӣ бо муҳоҷиронро гиранд ва бояд аз ҳуқуқи шаҳрвандони худ дар хориҷа дифоъ кунанд.
Дар маҷмӯъ, бархӯрд бо муҳоҷирон беҳтар хоҳад шуд.
Абдулло Давлатов, коршинос:
- Муносибати президентҳои Русия ва Тоҷикистон хеле хуб аст ва ин ҳамдигарфаҳмии онҳо дар рушди ҳамкориҳои судманд байни ду кишвар таъсири мусбат дорад. Бовар дорам, ки пас аз интихоботи президентӣ дар Русия, ки ҳатман Владимир Путин ғолиб мешавад, ин ҳамкориҳо дар ҳамон раванди рушд хоҳанд монд. Хоса баъди он, ки таҳримҳо зидди Русия сангинтар мешавад, ин кишвар бояд барномаҳои қавитар кардани риштаҳои дӯстӣ бо кишварҳои шарики стратегӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро рӯи миз дошта бошад.
Владимир Путин дар нишасти матбуотии калони охиринаш аз ташкили сохтори махсус дар робита ба танзими раванди муҳоҷират гуфт. Яъне, мушкилоти ин мавзӯъ фақат хоси муҳоҷирони тоҷик нест.
Дар сатҳи расмӣ, ҳамкориҳо хубанд ва бовар дорам, ки мушкилҳои мавҷуда ҳалшаванда ҳастанд. Ҳоло Русия аз Африқову Куреяи ҷанубиву Ҳиндустону Кубаву ғайра муҳоҷирони корӣ меорад. Яъне барои иқтисоди Русия муҳоҷирон лозиманд ва табиист, ки баъди интихобот бояд шароиташон хуб шавад.

Русия намехоҳад чанд дӯсти боқимондаашро аз даст диҳад

Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақил
- Дар муносибат бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ОМ ҳеҷ тағйироте намешавад, чун барои Русия дар меҳвари худ нигоҳ доштани ҳадди ақал ҳамон чанд “дӯсти” боқимондааш зарур аст, агарчанде аз шеваи тағйирёфтаи муносибати ин кишварҳо бо худ норозӣ ҳам бошад. Шевае, ки дигар ин кишварҳо аз Русия нисбати худ муносибати баробарвазн мехоҳанд, на он муносибати байни “хӯҷаин” ва “хизматгор”, балки муносибати эҳтиромона ҳамчун ба нафароне, ки қадри худро медонанд.
Нишонаҳои ин муносибати тағйирёфтаро мо дар охирин маъракаи боҳашамате таҳти унвони “Бозиҳои оянда” дидем, ки дар он Владимир Путин бо дасти худ микрофонро ба роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мерасонд, то инҳо бо забони модариашон чанд сухан гӯянд.
Аммо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия аз беҳуқуқтарин қишри ҷомеа ҳастанд ва гумон накунам, ки бо расидан ба даври нави президентӣ Владимир Путин дар ин муносибат ягон тағйироте ворид кунад.
Агарчанде Русия имрӯзҳо ба қувваи корӣ хеле эҳтиёҷ дорад (мушкили демографӣ як тараф), вале мақомоти Русия, ки ҳушу ёдашон танҳо ба ҷанг бо Украина банд аст, дар чеҳраи муҳоҷирони меҳнатӣ “қурбонӣ”-еро мебинанд, ки барои идома додани ин ҷанг заруранд. Ва довталабона ба ҷанг нарафтани инҳо, бахусус ҳамонҳое, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанду аз имтиёзоти ин шаҳрвандӣ истифода мебаранд, хашму алами ҳукуматдоронро овардааст. Ва чун чунин шеваи муносибат аз тарафи ҳукуматҳои кишварҳои “дӯст” и Осиёи Марказӣ вокунишҳои ҷиддиеро намеорад, гумон накунам, ки мақомоти Русия бо хоҳиши худ аз ин тарзи муносибати беадолатона нисбати шаҳрвандони Осиёи Марказӣ даст кашанд.
Хатари дигаре, ки ба муҳоҷирони меҳнатии Осиёи Марказӣ дар Русия дар солҳои наздик таҳдид мекунад, ин аз нав сар бардоштани ҳар гуна гурӯҳҳои миллатгаро мебошад. Чун ҳукумати имрӯзаи Русия пештар ҳам аз чунин гурӯҳҳо ҳимоя мекард, гумон накунам, ки имрӯз пеши роҳашонро гирад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.