расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 12 СОЛ ҲУКМИ МУҲОФИЗИ ХӮҶА-КОМАНДИР БАРОИ ҚАТЛИ 22 УЗВИ ЯК ОИЛА ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ

Асосӣ / Ҷомеа

12 СОЛ ҲУКМИ МУҲОФИЗИ ХӮҶА-КОМАНДИР БАРОИ ҚАТЛИ 22 УЗВИ ЯК ОИЛА ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ

12 СОЛ ҲУКМИ МУҲОФИЗИ ХӮҶА-КОМАНДИР БАРОИ ҚАТЛИ 22 УЗВИ ЯК ОИЛА ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ
________________________________________
Як сокини вилояти Хатлонро ба гуноҳи куштори даҳҳо нафар дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба 12 сол зиндон маҳкум карданд.  
Юсуф (Ҷӯрабек) Солиҳов, муҳофизи фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Хӯҷа Каримов, мулаққаб ба Хӯҷа-Командир, ба он гунаҳкор дониста шудааст, ки ҳамроҳи даҳ шахси мусаллаҳ дар ноҳияи Хуросон (Ғозималики собиқ) дар куштани 22 узви як оила даст дошт. 
Солиҳовро дар моҳи июли соли 2023 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Русия дастгир ва сипас ба Душанбе фиристоданд. Додситонии кулли Русия навишта буд, ки куштори 22 узви як хонавода 14-уми октябри соли 1992 дар деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросони ҳозира рух дода, “дар миёни қурбониён як зани обистан ҳам буд... Пас аз қатли аъзои хонавода, гурӯҳи Солиҳов ҷасадҳоро бензин рехта, бо мошини ҷабрдидаҳо аз ҷойи ҳодиса фирор намуд. Дар ин куштор ду нафар ҷон ба саломат бурданд.”
Яке аз онҳое, ки дар ин ҳодиса зинда мондааст, Бахтовар Абдуллоев аст. Вай он замон ҳамагӣ 11 сол дошт.
"Нӯҳ мард ва сездаҳ зан, аз ҷумла хоҳаронам, модар ва бибиямро куштанд. Қурбониён аз 10 то 55 сол доштанд. Аммаам, Бибихол, зинда монд,” -- нақл кард Бахтовар Абдуллоев.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.